Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: МАРГИ БАДНАФС (ҚИСМИ 2)
03.11.2021
ДИЛОШӮБ
4101

Дарди модар

Мо гоҳ-гоҳ ба хабаргирии модарам мерафтему аз тағйироти ҳоли янгаам дар ҳайрат мемондем, ӯ акнун худро соҳиби мутлақи хонаву дар шинохтаву касеро писанду манзур намекард. Додарам низ акнун бо садои доираи ӯ рақс мекард, модарам ҳамеша чашми нам дошт ва мегуфт, ки Асо-девона додаратро ҷоду кардааст, ӯ дигар он писари меҳрубону модардӯстдор нест. Солҳо мегузаштанду фарзандони Гулнораву додарам, ки акнун ба ҳашт нафар расида буданд, қад кашида, калон мешуданд. Модарамро парешонии оилаи бомуҳаббат парваридааш бемор кард, ӯ дар бистари беморӣ мехобиду Гулнора бошад, ба маъракаороию сер кардани аждаҳои нафсаш овора буд. Ҳангоми бистарӣ шудани модарам зуд-зуд ба аёдаташ мерафтам, аз дидани либосҳои кӯҳнаю фарсуда ва ҳоли зори ӯ аламам меомад. Гулнора бо дугонаҳояш рӯйи кати пурнақшу нигори зери ҳавозаи баланди ангур воқеъгардида гоҳ оши туппа, гоҳи дигар шакаробу дигар анвои хӯрокҳои ба худаш маъқулро пӯхта мехӯрду бо овози баланди гӯшхарош механдид. Мусиқӣ монда, дабба-дабба мерақсиду хурсандӣ мекард, ба гӯши модари порсо ва беморам ин нағмаҳои келини худхоҳ ниҳоят бад мерасид. Бародарам, ки аз рӯйи бадгӯиҳояш бо янгааму додарам қаҳрӣ буд, бо бистарӣ шудани модар маҷбур ба хабаргирӣ омад, вале Гулнора узр пурсидан як тараф истад, ҳатто бо онҳо салом накардаст. Баъд аз рафтани бародарам, модарам Гулнораро наздаш хонда гуфтаст:

-Келин, ту кори нохуб мекунӣ, хонаву дари хусурат аз ту, мошини вайронааш ҳам, аммо чӣ хеле писаронамро ба ҳам душман крдӣ, ҳамон хел оштияшон меандозӣ…

-Кампир, гар хоҳӣ, ки бо марги худат аз олам равӣ, дамата гирифта хоб кун, ман аз афти худат ҳам безору аз писаронат ҳам. Кай ман онҳоро душман кардам, ман барои ту ҳамеша духтари Асо-девона ва бетарбия будам, худат ҳушёру шавҳарат раис, натавонистед писаронатонро тарбия намоед, имрӯз айби ман?!

Ёд дорам, модарам ин суханҳои келинашро ба ман гуфта, зор-зор гирист. Бо алам ба хонаи дигар гузаштам, то Гулнораро насиҳат кунам, ӯ мисли ҳамешагӣ пешаш як табақ қурутобро гузошта, бо ҳавсала мехӯрд. Маро низ таклиф кард, вале баҳона карда, як пиёла чой рехта, боз назди модарам баргаштам. “Ҳозир қурутобашро хӯрда шавад, баъд ҳамроҳаш гап мезанам”, гуфтам бо чашмони ашколуд. Модарам сарамро сила карда, пиччиррос зад:

-Ҳамин туву хоҳаракатро бо акаат душман накард хуб, ба умри ман рӯзҳои башумор мондааст, худатро ганда накун, худат бо чашмонат мебинӣ, як рӯз не, як рӯз аждаҳои нафсаш дилу ҷигари худашро мехӯрад…

Сарамро ба пойи модари меҳнатрӯзиям монда, каме гиристаму ба андеша рафтам, ӯ рост мегуфт…

 

                           Бумеранг

Гулнора ба ману хоҳарам кор надошт, шояд аз он хотир, ки мо бо дастовезҳои зиёде ба диданаш меомадем. Шавҳари ман тоҷир буду ҳар дафъаи ба хабаргирии модар омадан, аз гӯшт сар карда, то орду равғану қанду қандалотро меовардам, шавҳари хоҳарам прокурор буду ӯ аз ман зиёдтар анвои хурданӣ меовард. «Ҷин»-ҳои Гулнора танҳо ба акааму янгаам буданд, аз чӣ бошад, онҳоро бисёр бад медиду сояашонро аз девор метарошид. Бо ҷодугарию муллобозӣ бародаронамро аз ҳам ҷудо карда буд, ин ду нафари як вақтҳо ба ҳам хеле меҳрубон сояи якдигарро аз девор метарошиданд. Модарам низ бо дили пурғусса дунёро тарк гуфт, ҷони Гулнора ба қавле халос шуд, акнун ману хоҳарам низ хеле кам ба хонаи падарӣ мерафтем. Аз марги модарам даҳ сол сипарӣ гашт, дар ин миён бародарам ҳоҷӣ шуд, Гулнора ду духтарашро ба шавҳар доду аз хешҳои худаш барои писараш келин фаровард. Ва Худо бо дасти келин ҷазояшро дод, Санавбар барои як эроди хушдоман хонаро ба сараш бардошта, ба милиса арз мерафту ба кумитаи занҳои ноҳия шикоят мебурд. Аз дасти келини милисабоз додарам кору борашро бас карда, рӯ ба ибодат оварду рӯзашро дар масҷид бегоҳ менамуд. Пас аз чор соли келиндорӣ Гулнора ду духтари дигарашро низ ба шавҳар доду бо писаронашу келини ҷангарааш танҳо монд. Шояд дуои модарам ӯро гирифт, ки як сол боз зани додарам, ки синнаш нав ба чилупанҷ расидааст, ба бемории табобатнашавандаи ҷигар гирифтор аст. Келинаш ӯро “беваи дарди сар, мемурӣ мур, намемирӣ сиҳат шав” гӯён, он қадар ҷазо дод, ки ҳоло додаронаш бо навбат ӯро нигоҳубин мекунанд. Мешунавам, ки янгаҳояш низ ӯро чашми дидан надоранду аз тарси шавҳарҳояшон лаб во карда наметавонанд…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД