formula
ҚИССАИ ШАБ: Подоши бадӣ (ҚИСМИ 2)
25.11.2021
ДИЛОШӮБ
3377

                               Шикасти бахт

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он зиндагии мардум вазнин шуда буд, оилаи шавҳари Дилбар гуреза шуда, ба пойтахт омаданд. Манзуру додаронаш ба Русия рафтанд ва Манзур он ҷо ба чӣ ҷинояте даст зада, ба муҳлати нӯздаҳ сол зиндон шуд. Мунира дар ин ҷо ҳам Дилбарро рӯз намедод ва ӯву кӯдаконашро тайёрхӯру боз чим чӣ балоҳои дигар унвон медод. Бо дасисаҳои ӯ хусуру хушдоман низ бо келин чап шуданд ва ӯро маҷбур карданд то баромада кор ёбад, аммо дар он даврон бе маълумоту бе шинос кӣ ӯро ба кор мегирифт?! Дар ҳамин айём падараш низ ба дарди бедавое печида, оламро падруд гуфт ва Дилбар бесоҳиб монд. Ӯ як духтари тағо дошт, ки тиҷорат мекард ва Дилбар ба хонаи ӯ рафта, маводи хӯрокворӣ ё либос барои кӯдаконаш меовард ва Мунира инро ҳам ба ӯ таъна мекард. Мегуфт, ки Худо медонад, ту ба чӣ корҳо машғулӣ ва аз куҷо маводи хӯрданӣ меорӣ, оқибат ӯро бо ду кӯдаки хурдсол аз хона ронданд. Мунираву хусураш гуфтанд, ки Худо медонад шавҳарат зинда меояд ё мурда, хонаи волидонат рав, писарам талоқатро додагӣ! Бо гиряву зорӣ Дилбари бахтшикаста ба кулбаи падараш баргашт, он ҷо модари сағирабонакаш ӯро хуб пешвоз гирифт. Модараш бисёр зани мард ва дарёдил аст, ба Дилбар гуфт:

-Кӯдаконатро ман нигоҳ мекунам, ту ҳуҷҷатҳоятро ба донишгоҳ супорида, ягон касбу кор омӯз. Ҳамин тавр, Дилбар зиндагиро аз саҳфаи нав оғоз кард….

                                  Зиндагии нав

Дилбар ба донишгоҳ дохил шуда, онро дар риштаи иқтисод хатм намуда, дар як бонк ба ҳайси хазинадор ба кор даромад ва бори дуюм шавҳар кард. Шавҳараш марди сарватманд, вале аз худаш понздаҳ сол калон буд, бисёр дағал ва ҷоҳил… Баъди шавҳар кардани Дилбар як рӯз апаи хурдии Манзур ба суроғаш омадаву ба модараш гуфтааст, ки додарам аз зиндон баромадаасту мехоҳад ҳамсару фарзандонашро наздаш ба Русия фиристем. Аммо модари Дилбар асли воқеаро ба ӯ фаҳмондааст, модараш кӯдакони Дилбарро дар қатори кӯдакони худаш ба воя расонд. Аз авлодони падарӣ касе боре ба суроғашон наомадааст, вақте духтараш Фарзона соҳиби шавҳар ва писараш Фаромарз донишҷӯ буд, яке аммаҳо ба суроғ омадаанд. Фаромарз умуман бо онҳо гап назад, вале Фарзона гоҳ-гоҳе телефонӣ бо эшон ҳамсӯҳбат мешуд. Манзур баъди Дилбар чор зани дигар гирифта, ҷудо шуд ва оқибат дар як садама ҷон бохта, ҷавонмарг шуд. Фарзона бо гиряву зорӣ Фаромарзро розӣ кард ва онҳо ба ҷанозаи падар рафтанд, вале амакҳояш ҷиянашонро зери мушту лагад гирифтанӣ шуданд. Фаромарзи паҳлавон ҳамаи онҳоро аз пушти гарданашон гирифта дур партофт ва ба мошинаш нишаста, апаашро гирифта, ба хона баргашту дигар ёди онҳо накард. Духтар синаи меҳр гуфтагӣ барин, Фарзона гоҳ-гоҳе бо аммаҳояш гап мезад….

   Мунира ба дарди қаттоле гирифтор шуда, дар бистари марг аст ва ёди ҷиянаш кардааст….

Дилбар баъди марги ҳамсараш танҳо зиндагӣ мекунад, писару духтараш пайваста аз ҳолаш огоҳанду ӯ низ зуд-зуд меҳмони онҳо мешавад. Шукронаи Худо мекунад, ки аз чизе камбудӣ надорад, вале хабари бемории Мунира боз ӯро ба гузаштаҳояш бурданд….

                                                                     

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД