goodwell
Истаравшан - шаҳри ошиқони варзиш
75

Дар шаҳри бостонии Истаравшан ба муносибати Рӯзи варзишгарон як силсила чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Яке аз чорабиниҳои асосӣ дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳр баргузор гардида, дар он раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мураббиён, варзишгарон ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ дастовардҳои варзишгарони шаҳри Истаравшан, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, муаррифӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳри Истаравшан барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар шаҳр, новобаста аз шакли моликият, 2 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 231 майдончаи варзишӣ, 75 толори варзишӣ, 7 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмаа ва 13 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои варзишии шаҳр 123 гурӯҳ амал намуда, ба машғулиятҳои варзишӣ 1726 нафар наврасону ҷавонон ҷалб шудаанд. Онҳо аз рӯйи 12 намуди варзиши олимпӣ, ғайриолимпӣ ва миллӣ машқу тамрин мекунанд. Дар миёни онҳо 86 нафар бонувон низ ба намудҳои гуногуни варзиши касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Танҳо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба хазинаи варзишии шаҳр 15 медал - 6 тило, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ ворид шудааст. Нишондоди умумии варзишгарони шаҳри Истаравшан низ қобили таваҷҷуҳ аст. Дар нимсолаи якуми соли 2026 онҳо дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, Ҷоми Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ ба гирифтани 2532 медал, аз ҷумла 679 медали тило, 673 медали нуқра ва 1180 медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи варзишгарон ба собиқадорони соҳа низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ ба аёдати як қатор собиқадорони соҳаи варзиш рафта, онҳоро ба муносибати ин рӯз табрик намуд. Аз ҷумла, мавсуф ба дидорбинии Комил Олимов рафт, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳайси методисти муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ба номи П. Саидғозиеви шаҳри Истаравшан фаъолият намудааст. Ҳамчунин, собиқ директори муассисаи давлатии мактаби варзишии №2 ба номи А. Қодиров, собиқадори соҳаи варзиш Габисова Олга Андреевна ва собиқадори соҳа Ҳакимов Салим аёдат карда шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими дигар дар арафаи Рӯзи варзишгарон мавриди истифода қарор гирифтани толори барҳавои варзишӣ дар кумитаи маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Истаравшан буд. Иншооти мазкур бо иқдоми варзишгари маҳаллӣ Муродалӣ Бобоқулов, ки дар миёни аҳли варзиш ва сокинони шаҳр ҳамчун «Брюс Лии Истаравшан» шинохта мешавад, аз таъмири куллӣ бароварда шуда, мутобиқ ба талаботу меъёрҳои соҳаи варзиш омода гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи толори варзишӣ раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ иштирок намуд. Мавриди истифода қарор гирифтани ин толор барои наврасону ҷавонони маҳалла ва ҳудуди шаҳр имконияти нав фароҳам овард. Акнун онҳо метавонанд дар шароити муносиб машқу тамрин намуда, ҳамзамон барои баргузории мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун аз ин иншоот истифода баранд.

Айни замон 30 нафар наврасон аз рӯйи намудҳои паркур ва акробатика бо роҳбарии мураббии варзида Муродалӣ Бобоқулов ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд. Ин иқдом метавонад барои боз ҳам бештар ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба варзиш ва кашфи истеъдодҳои нави варзишӣ замина гузорад.

Ин дастовардҳо собит месозанд, ки соҳаи варзиш дар шаҳри Истаравшан дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии шаҳр табдил ёфта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ ва тарбияи насли солиму фаъол заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД