formula55
Истеъфои ногаҳонии сармураббӣ
748

Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик, сармураббии дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар аз вазифааш истеъфо дод. Дар ин бора даста дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Аслиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст. Ӯ аз соли 2020 то ба имрӯз дар вазифаи сармураббии дастаи "Хатлон" фаъолият намуда, бо Клуби футболи "Хатлон" соли 2020 ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад ва мақоми дуюмро касб намуд.

"Соли 2022 Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, Чемпионатро дар зинаи чаҳорум ҷамъбаст намуд. Имсол дастаи "Хатлон" зери роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад, ки дар назар аст бозии нахустини хешро санаи 29-уми сентябр бо дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб доир намояд", - навиштааст тими "Хатлон".

Аслиддин Ҳабибуллоев корномаи сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардида, ба Ҷоми Президенти Конфедератсия Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намудаанд.

Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016) ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст. Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.

Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш ба гирифтани ҷоизаҳои зиёде мушарраф гардидааст. Аз ҷумла, барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад. Ҳамчунин, дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.

Ёдовар мешаве, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии нави дастаи "Хатлон" Меҳроб Заҳурбеков ва ёвари ӯ Камолҷон Ортиқов таъин гардид. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД