Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе трансфери ниҳоии равзанаи зимистонаи худро анҷом дод. Дастаи пойтахт нимҳимоятгари ҷавон Алиҷони Буризодро ба ҳайати худ ҷалб кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии тими «Истиқлол», бо футболбози ҷавон то охири мавсими ҷорӣ шартнома ба имзо расидааст. Буризод барои мухлисони «Истиқлол» бегона нест, зеро ӯ қаблан дар мавсими соли 2023 дар ҳайати ин даста ба таври иҷора ҳунарнамоӣ карда буд ва таҷрибаи бозӣ дар ҳайати қаҳрамони кишварро дорад.
Алиҷон пеш аз гузариш ба «Истиқлол» дар ҳайати дастаҳои «Самгурали»-и Гурҷистон, «Краснодар-2» ва «Регар-ТадАЗ» бозӣ кардааст.
Ҳамчунин, Буризод дар ҳайати дастаҳои наврасон ва ҷавонони мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, аз бозигарони умедбахши насли ҷавони футбол маҳсуб меёбад. Бо сабаби баромадҳои хубаш ӯ пайваста ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ даъват мешавад.
Интизор меравад, ки пайвастани нимҳимоятгари ҷавон ба ҳайати «Истиқлол» рақобатро дар хати миёнаи даста бештар намуда, имкониятҳои тактикии дастаи пойтахтиро дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тақвият диҳад.