formula
Кадом роҳҳо баста мешаванд?
576

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад.

Дар робита ба ин БДА-и вилояти Суғд хабар дод, ки аз 29 март то 1 апрел дар бархе аз роҳҳои вилоят ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.

ПРЕЗИДЕНТ БА СУҒД МЕРАВАНД

Аз ҷумла, рӯзи 29 март кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон-Хуҷанд то Боғи миллӣ, 30 март кӯчаҳои марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои ба номи И. Сомонӣ, то Р.Ҳоҷиев (Раҳимӣ)-и шаҳри Хуҷанд, 31 март аз деҳаи Ҳаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод баста хоҳанд шуд.

Инчунин, 1 апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, Хуҷанд-Конибодом то гардиши ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров, роҳи Конибодом-Деҳмой, роҳи мошингарди ҷамоати Овчи-Қалача, деҳаи Навобод, Деҳмой то ҷамоати Ёваи, пули Сартукай (Хитой) то махаллаи 3, кучаҳои Р.Хочиев, И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷура Зокирии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хучанд-Ғафуров ва кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон баста мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД