shoh palace
Кароматуллои Қурбон дар Данғара
2987

Кароматуллои Қурбон, хунёгари нотакрори тоҷик, ки бо таронаҳои дилнавозаш қалби ҳазорон-ҳазор дилбохтагони ҳунари асилро ба шӯр меовард, имрӯз 60-сола мешуд, агар қурбони тири як тӯда калахар ва даррандагони одамсурат намегашт.
17-уми октябри соли 1992-ин рӯзи наҳсро ягон тоҷики бо нангу ор фаромӯш намекунад, зеро маҳз дар ҳамин рӯзу ҳамин соли пурфоҷиа ва барои тамоми миллати тоҷик кулфатбор ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Кароматуллои Қурбон ҳамроҳи дастаи ҳунариаш дар ноҳияи Ёвон ба таври ваҳшиёна тирборон ва ба қатл расонида шуданд. Он рӯз рӯзи маҳшар буд, тамоми хурду калони Тоҷикистон барои ин ҷавонмарди ҳунарманд, ки ба ҷуз ба мардум шодиву нишот бахшидан дигар ҳеҷ гуноҳе надошт, ашки хунин аз дида мебориданд, аммо тир аз камон ҷаставу тақдири талхро дигар тадбир карда намешуд...

кароматуллоҳи қурбон-1
Инак, 29-сол мешавад, ки пайкари дар хуну халаф ғарқи ин марди сар то по ҳунар дар зери хоки сард хуфтааст, аммо таронаҳои дилангезаш то ба имрӯз номи Кароматуллои Қурбонро дар дили ошиқони савту наво зиндаву ҷовид нигаҳ медоранд.
Ҳамасола бо такопӯйи фарзандони номвари ин марди накӯном Муҳаммадрафии Кароматулло ва Нозияи Кароматулло ҷашни хотираи Кароматуллои Қурбон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Тавре,ки роҳбари ансамбли эстардии “Ориё”-и Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарманди ҷавону пурвозаи тоҷик, ҷигарбанди Кароматуллои Қурбон-Муҳаммадрафии Кароматулло дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, имсол ҷашни мавлуд, аниқтараш 60-солагии Кароматуллои Қурбон дар қасри фарҳанги Данғара баргузор мегардад. Дар ин ҷашни хотира аҳли хонавода, хешу ақрабо, ёру дӯстон, ҳамкорони марҳум аз оркестри эстрадии Гулшан ва мухлисону ҳаводорони бешумори Кароматуллои Қурбон иштирок менамоянд.
Ба қавли Муҳаммадрафии Кароматулло аз ҳамкорони падараш ҳунармандони шинохтаи тоҷик Баҳодур Неъмат, Исматулло Холиқов, аз шогирдони Кароматуллои Қурбон-Ҷамшед Низомов, Фурқат Саид ва дигарон дар барнома ширкат вазирда бо таронаҳои дилнишини худ хотираи ин абармарди ҳунарро пос хоҳанд дошт, вале албатта ҳамчун мизбон фарзандони марҳум масъулияти асосии барномаро бар дӯш доранд.
Ҷашни 60-солагии Кароматуллои Қурбон бо дастгирии Раиси Ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳокимияти Вилояти Хатлон имрӯз, 29-ноябр дар қасри фарҳанги Данғара ва фардо дар Коллеҷи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Қароматуллои Қурбон баргузор хоҳад гашт.

кароматуллоҳи қурбон-2
Ҳафтаи поси хотири Кароматуллои Қурбон чанд рӯз қабл оғоз ёфта, дирӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ низ як маҳфили зебои хотиравӣ барпо гашта буд ва дар фарҷоми он пайвандон ва ихлосмандони ин хунёгари нотакрори тоҷик ҳамчун разми хотира ба пояи нимпайкараи Карматуллои Қурбон гул гузоштанд.
кароматуллоҳи қурбон-3

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД