Arzon march 2024
Кӯдакамро ба фарзандхонӣ медиҳам, агар..
9082
Кӯдакамро ба фарзандхонӣ медиҳам, агар..(Видео)

Сабоҳат Давлатова, 27 сол дошта, модари як фарзанд мебошад. Ин ҷавонзанро сахтиҳои зиндагӣ ба идораи сомонаи Оила.ТҶ овардааст.

Сабоҳат рӯзашро ба ниқобфурӯшӣ пеш мебарад. Аз рӯйи гуфти худи зан, шавҳараш ҳанӯз замони ҳомиладориаш ӯро талоқ додааст. Азбаски духтарчааш хеле хурд аст, вай наметавонад ягон кори доимӣ ёфта, зиндагиашро мустақилона пеш барад.

Сабоҳат мисли тамоми модарон фазандашро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад, вале имконияти ба танҳоӣ ба воя расонидани кӯдакро надорад, зеро касе нест, ки дар ин рӯзҳои душвор дасташро гирифта ба ӯ ёрӣ расонад. Ҷавонзан аз ночорӣ мехоҳад фарзандашро ба ягон оилаи бефарзанд ба фарзандхонӣ диҳад, ҳарчанд бо тасаввур кардани ҷудоӣ аз ҷигарбандаш дилаш хун мегиряд.
Биёед, беҳтараш дарди дили ин модари танҳро аз забони худаш бишнавем.(видео)
Р.S:
Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зани танҳо ва тифлаки зиндаятимаш дасти мадад дароз намоянд, метавонанд ба ин рақамҳо занг зананд:

Давлатова Сабоҳат Қурбоновна

987-12-20-63

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД