sebiston july new
Кӯдаки 3-сола дар оби ҷӯшидагӣ сӯхт
3173
Кӯдаки 3-сола дар оби ҷӯшидагӣ сӯхт

Иззатулло Ҳалимов сокини кӯчаи Аминҷони Шукӯҳии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мебошад. Ин марди солхӯрдаро зиндагии пуразоби 4 набераи хурдсолаш ба идораи сомонаи Оила. ТЧ овардааст. Аз рӯйи гуфти амаки Иззатулло се сол қабл наберааш Абубакр, ки он замон ҳамагӣ 3 сол дошт, дар оби ҷӯш месӯзад ва кӯдакро дар ҳолати хеле вазнин ба беморхона мебаранд. Табибон писарчаро ҷарроҳӣ карда бошанд ҳам, натавонистанд изҳои сӯхтаро бартараф намоянд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди аз беморхона баромадан келин қаҳр карда аз хона баромада рафт ва парастории 4 набера бар дӯши бобою бибии пирашон афтид. Абубакр имрӯз шашсола шуда бошад ҳам, пайи ҷароҳати сӯхтаааш то ба ҳол ӯро азият медиҳад, аз ҳамин хотир амаки Иззатулло мехоҳад бо роҳи ҷарроҳии пластикӣ набераашро аз ранҷу азоб раҳоӣ бубахшад, аммо барои ин шароит надорад. Вазъи иқтисодии оила хеле душвор буда, пиру кампир ҳатто дар сер кардани шиками кӯдакон низ баъзан душворӣ мекашанд.
Шахсоне, ки ба ин чаҳор кӯдаки маъсум дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонанд хайрияашонро ба корти бонкии 5058270368294764 (Душанбе-сити) гузаронанд ё ба рақамҳои зерин занг зада аз ҳолу аҳволи ин оила бохабар гарданд: 915-25-97-74 (рақами мазкур бо корт пайваст аст) ва 884-88-29-66.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД