sebiston july new
Кӯдаки 4-сола нависанда шуд
494


Писарбачаи сорчола аз Арабистони саудӣ ҳамчун нависандаи хурдтарин ва муаллифи китоб эътироф гардидааст.

Номи китоби Саид Рашид Ал-Мҳейрӣ «Фил Саид ва хирс» буда, муаллифи хурдакак аз некӣ ва дӯстии ду ҷонвар менависад. Писарак таҳти роҳбарии модараш навиштан ва бофтани ҳикояҳои зиндаро аз худ намудааст. Бояд гуфт, ки апаи Саид бо номи Ал-Даби ҳамчун муаллифи ҷавонтарине, ки китоби дузабонаро ба чоп баровардааст, соҳиби рекорд гаштааст.

Ал-Даби ташаббуси “Китобҳо аз кӯдакон барои кӯдакон”-ро оғоз кард, то кӯдакони аз 4 то 10-соларо ба навиштан бо забонҳои арабӣ ва англисӣ ташвиқ кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД