Arzon march 2024
Кӯдаки чор сола дар дарё ғарқ шуду...
724

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани боз як ҳодиси ғамангези ғарқ шудани кӯдакон дар об бар асари бепарвоӣ ва беназоратии волидон хабар додааст.

Ин ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Варзоб дар кӯли сунъии паҳлуи дарёи Варзоб рӯй дода, як писарчаи 4–сола ба сабаби ӯро беназорат мондани волидонаш ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додааст. Дастаи фаврии наҷотбахшон бо гирифтани ин хабар дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд ва аз ҷойи ҳодиса ҷасади писараки нокомро аз об берун бароварда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дар 7 моҳи соли равон дар кӯлу дарёву каналҳои кишвар 123 нафар , ки 64 нафарашон кӯдакону ноболиғони 16 сола буданд, ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 нафар кӯдакон ва наврасон ғарқ шуда будан.

Бинобар ин, мо аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва танҳо ба лаби каналу дарёҳои калон рафтан намонанд, зеро як лаҳзаи кӯтоҳи фориғболӣ метавонад боиси ба сар задани фоҷиаи талхе гардад, ки захми он то абад даво нахоҳад ёфт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД