sebiston july new
Кӯдаконатонро иммунизатсия кунед!
567


“Дар давраи пандемияи ковид-19 аксарият на ба марказҳои тиббии ҷои истиқомати худ ва на ба табиби оилавӣ муроҷиат накарданд. Гурӯҳи калоне, ки аз ваксинатсия бозмонда, ин боиси хурӯҷи ҳар хел бемориҳои сироятӣ гашт. Хурӯҷ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳама давлатҳои ҷаҳон рафта истодааст ва нисбати ин ҳолат айни замон мо кор карда истодаем...”

Ин нуқтаро Саидзода Файзалӣ, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилака” дар нишасти хабарие, ки бахшида ба “Ҳафтаи аврупоии имунизатсия” дар Душанбе шуда гузашт, қайд намуд.

Номбурда иброз дошт, ки тақрибан 1 миллион одамони дар тамос буда, ки 87200 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд, ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд.
“Умед дорем, ки баъд аз қабули дархости Вазорати тандурустии кишвар аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) 3, 3 миллион кӯдаки аз синни шаш моҳа то 15 сола ба иммунизатсия фаро гирифта мешаванд”-гуфт Саидзода.

Сари вақт ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон эҳтимолияти гирифторшавиро бабемориҳое, ки ба воситаи ваксина идорашаванда мебошанд, хеле кам мекунад.

photo_2023-04-25_16-32-06

Ба саволи хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ дар боби он ки бо дермонӣ гузаронидани ваксина ба организм то кадом андоза таъсир мерасонад, Саидзода Файзалӣ чунин посух гуфт:

Screenshot_2021-04-06-21-12-51
“Васина дар ҳар ҳолат таъсири худро ба организми кӯдак мерасонад. Андешае, ки ман ваксинаро дер гузаронидам, таъсири мусбат намерасонад, дуруст нест. Тадқиқотҳое, ки мо дар даст дорем, нишон медиҳанд, ки нафароне, ки ваксинаҳоро дер гузаронидаанд, яъне дар калонсолӣ, як вояи ваксина то 96 фоиз таъсири худро мерасонад ва шахс гирифтори ин ё он беморӣ намегардад.”

photo_2023-04-25_16-30-41

Ҳамаи ваксинаҳое, ки тибқи нақшаи Барномаи миллӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, муҳлати истифодабарии дароз дошта, дар яхдонҳое, ки дар ҳама марказҳо вуҷуд доранд, нигоҳ дошта мешаванд. Мушкилии ворид шудан ё кам будани ваксинаҳо дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни ҳол дар сатҳи кишвар ваксинаҳо дастрасанд, волидон метавонанд дар дилхоҳ вақт ба маркази тиббии ҷои истиқоматашон муроҷиат карда, кӯдаконашонро имунизатсия намоянд.

photo_2023-04-25_16-28-39

Тавре марказ хабар дод, шумораи ваксинаторон дар кишвар 450 нафарро ташкил медиҳад, ки дар “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” қисмати зиёди онҳо бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ваксинаторон дар ҳама минтақаҳои кишвар кӯдакони аз таваллуд то шашмоҳаро бо ваксина таъмин мекунанд.

Ваксинаҳо барои пешгирӣ ва назорат кардани бисёр бемориҳо дар миёни одамони синну соли гуногун кумак мерасонанд, маҳз ба ҳамин хотир “Ҳафтаи аврупоии имунизатсия”-ро “Соли имунизатсия” эълон намуданд, то ки дар давоми як сол диққати махсус ба кӯдаконе, ки аз имунизатсия бозмонда ҳастанд, дода шавад.

8789678

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД