arzon replenishment
Кӯдакони ятим идгардак мекунанд?
386
no-img


Идгардак яке аз анъанаҳои неки таҷлил аз Иди Қурбон ва Иди Рамазон мебошад, ки дар Тоҷикистон, махсусан дар қисматҳои марказии кишвар роиҷ аст. Кӯдакон аз субҳи барвақт аз хоб бедор шудаву барои табрикоти ҳамсояҳо ва хешу ақрабо мераванд.

Онҳо дареро кӯфта “Иди нав муборак” мегӯянд ва дар посух соҳиби хона ба кӯдакон ширинӣ, тухм ё ягон навъи сақич медиҳад. Саволе пеш меояд, ки кӯдакони дар мактаб-интернатҳо ва хонаи маъюбон буда, идро чӣ гуна таҷлил мекунад?

Ҳарчанд ҳамасола тӯҳфаҳои Пешвои миллат ба онон мерасад, вале дар рӯзи ид, ки ҳамаи кӯдакон хушҳоливу хурсандӣ карда, хона ба хона мегарданд, кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои имкониятҳои маҳдуд чӣ кор мекунанд? Онҳо дар байни чор девор нишаста, чашм бар тиреза медӯзанду ҳавасҳои кӯдаконаи худро дар қалби кучакашон мегӯронанд ё ягон иқдоме аз ҷониби роҳбариятҳои ин муассисаҳо дар ин рӯз роҳандозӣ гардидаасту мо бехабарем. Ба андешаи шахсии банда, хуб мешуд, ки дар рӯзи ид ба чунин кӯдакон иҷозат дода шавад, ки ҳамроҳи ягон шахси масъул идгардак кунанд? Онҳо ҳам кӯдакони озоданд, орзуҳои ҳавасҳои худро доранд ва мехоҳанд мисли дигар ҳамсолонашон дар рӯзи ид шодиву хурсандӣ кунанд.

Хонандагони азиз, шумо чи андеша доред? Фирки худро дар шарҳ нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД