Тарбияи кӯдак муҳимтарин уҳдадории ҳар як падару модар маҳсуб меёбад. Аксари волидон барои ба қавле "гапдаро" шудани фарзандашон тарсонидани кӯдакро ҳамчун "усули тарбия" истифода мебаранд. Кӯдакро бо чӯбу калтак ва тарсонидан не, балки бо суханҳои пургуҳару ҳикматонаи бузургон ва сухани нарму ширин тарбия мебояд кард.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аксари калонсолон барои "гапдаро" шудани кӯдакон бо суханҳои ваҳмовару ҳавлангез метарсонанд. Албатта чунин амали зоҳиран сода метавонад ба равони кӯдак осеби ҷиддӣ расонад ва ба рушди минбаъдаи ӯ таъсири манфӣ гузорад.
Тарсонидани кӯдак бо суханҳое монанди "хоб кун, ки саг меояд", "берун набаро гурба ҳаст" "духтур ҳозир ба ту сӯзандору мезанад", "хоб рав, ки аҷина омад" ё "дар торикӣ хатар аст" боиси ташаккули ҳисси ноамнӣ дар кӯдак мегардад. Кӯдак минбаъд барои шабона танҳо баромадан, дар хона танҳо мондан метарсад. Ва ҳисси мустақил шудан дар ӯ кам рушд меёбад.
Равоншиносон бар он назаранд, ки стресс ва тарси доимӣ кори системаи асабро халалдор месозад. Кӯдаке, ки зиёд метарсад, метавонад дар оянда мушкилоти тамаркуз, хоби ноором ва ҳассосияти баланди асабӣ дошта бошад. Кӯдакони бо тарс калоншуда аксаран дар ҷамъият камгап, номустақил ва камбовар мешаванд.
Тарсҳои кӯдакӣ дар хотира мемонанд. Ин таҷрибаҳо дар калонсолӣ ба шакли хиҷолат, тарси масъулият, тарси қарор қабул кардан зуҳур меёбад. Аксарият фикр мекунанд, ки тарсонидани кӯдак барои тарбияи ӯ мусоидат мекунад, аммо таҷрибаи илмӣ исбот кардааст, ки тарс кӯдакро фақат муваққатан "итоаткор" мекунаду бас.
Албатта, тарс то андозае ҳамчун як механизми ҳимоявӣ инсонро аз бисёр хатарҳо муҳофизат мекунад. Ин ҳисси табиӣ ба кӯдак кӯмак ҳам мекунад, ки эҳтиёт бошад ва аз амалҳои хавфнок дурӣ ҷӯяд. Аммо тарсонидани кӯдак бо суханҳои ваҳмовар, тарсангез на ҳимоя, балки ба ӯ зарар расонда дар зеҳни нозукаш ҳамчун воқеияти даҳшатбор сабт мешаванд. Ин гуна тарсҳо, кӯдакро тарсончак, ноустувор ва беҷуръат мекунанд, эътимод ба худ ва ба атрофиёнро коҳиш медиҳанд, сабаби пайдоиши тарсҳои беасос мегарданд, системаи асабро заиф намуда, изтироб, ваҳм ва хоби ноором ба вуҷуд меоранд, ба камолоти шахсият ва истеъдодҳои кӯдак монеа мешаванд. Баъзе олимон бар он назаранд, ки сахт тарсидан кӯдак метавонад ӯро ба бемории диабети қанд гирифтор созад.
Кӯдак дунёро бо дили соф ва чашми зебо мебинад. Ӯ худро дар оғуши волидон амну бехавотир эҳсос мекунад. Вақте ки маҳз ҳамин одамони наздик ӯро метарсонанд, ҳисси эътимод кам мешавад ва дар ботини кӯдак эҳсоси хатар доимо рушд меёбад.
Пас, чӣ бояд кард? Ба кӯдак бо рӯҳбаландӣ ва меҳрубонӣ фаҳмонед, ки кадом кор хатарнок аст ва чаро. Ба ҷои тарсонидан аз усули оромона ва омӯзанда истифода баред. Оҳиста-оҳиста ӯро ба корҳои нав одат диҳед, то ҷасорат пайдо кунад. Ба ӯ мисли сипар бошед. Ӯро нотарс ва далеру ҷасур тарбия кунед.
Ҳамин тавр тарсонидани кӯдак бо суханҳои даҳшатнок ҳеҷ гоҳ роҳи дурусти тарбия нест. Ин осеб расонидан ба равони нозуки ӯст. Фарзандонро бо муҳаббат тарбия кунем, то онҳо далер, боварманд ва солим ба воя расанд.
Дар адабиёти безаволи мо қиссаву ҳикояҳои зиёде дар мавриди дуруст тарбия кардани фарзанд мавҷуд аст ва падару модарон метавонанд дар тарбияи фарзандони худ аз ин киссаҳои пурҳикмат истифода баранд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ