arzon replenishment
КҲФ: Хатари сел то 22-юми май боқӣ мемонад
224

Хатари сел, ярч, сангрезӣ ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ҷорӣ мешаванд, то 22-юми майи соли 2024 боқӣ мемонад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар хабар дода, ҳамзамон зикр намуд, ки 18-уми майи соли 2024, соати 00:10 дар деҳаи Кӯфоби ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боришоти шадид сел роҳи мошингарди Шоҳин-Дарвозро бастааст. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.

Инчунин, 18-уми майи соли 2024, соати 03:00 дар километри 140-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди деҳаи Сариқоши ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омадааст.

КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки то 22-юми май беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор бошанд ва ба тавсияҳои идораву вазоратҳои дахлдор гӯш диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД