sebiston july new
“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард
1419

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” бо номи нав дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад, ки ба оғози фаъолияти ин ташкилоти молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон иҷозат додааст.

Тавре маркази матбуоти Бонки миллӣ хабар дод, ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Актив Бонк” табдили ном кардаст.

“БМТ ба “Актив Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд”, - навиштааст манбаъ.

Департаменти назорати бонкӣ ва идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ сабти дахлдор ворид намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбари “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” Айдос Жумагулов дар мулоқот бо раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода дар Душанбе дар бораи кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар қаламрави Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД