formula
Хатари нурҳои ултробунафш
567

Шуруъ аз имрӯз, 14 июл дар пойтахти кишвар, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то сани 16 июл зиёд шудани нурҳои ултробунафш (радиатсияҳои офтобӣ) пешгӯӣ мешавд.

Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин рӯзҳои зикршуда аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад.
Яке аз хосиятҳои асосии нурхои инфрасурх – таъсири гармии онхо ба шумор меравад.

Онхо таъсири кимиёӣ низ доранд. Масалан, бо ёрии лавҳаҳои махсуси суратгирии ба нурхои инфрасурхи ҳассос, шабона суратгирӣ имконпазир гардид.
Қабатҳои болоии атмосфера нурҳои ултрабунафши Офтобро пурра фуру намебаранд.

Бинобар ин, дар куллахои куххои баланд таъсири нурхои ултрабунафш хеле калон аст. Аз ҳамин сабаб хам дар қуллаи куҳҳои баланд муддати зиёд бе аёнаки сиёҳи шишагӣ ва бараҳна истодан мумкин нест.
Шишаи сиёх нурҳои ултрабунафшро хеле хуб фуру мебарад. Аз таъсири зиёди нурхои ултрабунафш пуст месӯзад ва организм бемор мегардад.
Микдори ками нурхои ултрабунафш барои организми одам фоидаовар мебошад. Махсусан, дар чавонӣ аз тобиши офтоб бахраманд гардидан хеле фоидаовар аст ва шуоъхои ултрабунафш барои сабзишу обутоб ёфтани организм ёрӣ мерасонад, ба системаи асаб таъсир намуда, фаъолияти онро баланд мекунад.
Ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бебориш ва шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Гармои ҳаво дар Хатлон шабона 25+30 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии 12-17 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД