formula
Хатлон: Чаро духтари 19-сола худро ба дарё партофт?
978


Худкушии занону духтарон солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, боиси нигаронии тамоми ҷомеа гаштааст. Инак, боз ҷисми бе ҷони як ҷавондухтарро аз соҳили дарё пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади як духтари 19-сола аз як канал хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, ҷасади ин зани ҷавон дирӯз аз мавзеи Пикет-33- и канали Сталин пайдо шудааст. Марҳум ҳамагӣ 19-сол дошта, сокини ноҳияи Леваканти Вилояти Хатлон будааст.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ менависад, духтараки ғарқшуда як ҳафта қабл, аниқтараш рӯзи 21-уми июн бо сабабҳои номаъдум худро ба канали Сталин партофтааст. Қабл аз маргаш духтарак ашёҳои шахсиаш, аз ҷумла шиноснома, рӯймол ва пойафзолашро дар соҳил гузошта, баъдан худро ба оби канал афкандааст.

Марҳум сокини кӯчаи Борбад, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левикант буда, сабаби даст ба худкушӣ заданаш ҳанӯз маълум нест.
Маъмулан занону духтарони тоҷик бо сабабҳои хушунату зӯрварӣ дар оила, мушту лагад ва ҷабри ситами пайвандон, гирифтор шудан ба тӯҳмату бӯҳтон, ишқи ноком, вайрон шудани оилаю надоштани макони зист ва мушкилоти иқтисодӣ даст ба худкушӣ мезананд, ки бисёр таассуфангез мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД