Дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба думболи ВМКБ вилояти Хатлон низ аз 100% иҷро шудани нақшаи даъват хабар дод.
Дар ин бора Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон имрӯз зимни як чорабинии тантанавӣ ба муносибати гусели наваскарон ба хидмати ҳарбӣ хабар дода, ба волидон ва омӯзгорони даъватшавандагон барои тарбияи чунин ҷавонмардони шуҷоъ изҳори сипос намудааст.
Ёдрас мешавем, ки аллакай чанд шаҳру ноҳия ва вилоят, аз ҷумла Бохтар, Тоҷикобод ва ВМКБ аз иҷрои нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ хабар доданд. Сабаби пеш аз оғози маъракаи даъвати ҳарбӣ ба пуррагӣ иҷро шудани нақшаро масъулин дар дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешниҳоди имтиёзҳои гуногун ба даъватшавандагон ва торафт зиёд шудани сафи ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан рафтан мехоҳанд, маънидод мекунанд.
Мавсими баҳории ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май давом хоҳад кард.