formula
Хатлон: Зан маъюби гуруҳи дуюм аст
586

“Яктат овозат барорӣ, мекушамат, медонӣ? Иҷа биё! Ту чиба дер омадагӣ? Бдав тез дар ҷот бишин, ранги уно мх мекунӣ. Бдав, ҷота бишин, сумката мон, овозта наброр! То малима омадана ҳамихел меистен, яктат агар калата бровардӣ, ҳамин қати (ишора ба чӯбдаст) мекушам...”

Ин садои занест, кидар синфхона сабт шудааст ва ба ин восита ӯ толибони як синфхонаро “ором” карда истодааст. Дар видео чеҳраи зан нишон дода намешавад, вале аз суханони ӯ бармеояд, ки ин ҳолат чандин бор рух додааст, чунки калимаи хомӯш бошед, ба қавли муаллифи навор “мх кн”, ошност.

Ин навор, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, сару садои зиёдро дар ҷомеа ба бор овард. Аксарият вуҷуд доштани чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимиро дар сари вақт ҳозир нашудани омӯзгорон ба синфхона унвон кардаанд. Дар шарҳҳо рафтори ин “муаллима”-ро маҳкум намуда, чунин рафтори ӯро берун аз салоҳиятҳои омӯзгорӣ унвон карданд.

Баъд аз як рӯзи пахши видео хадамоти матбуотии Раёсати маорифи Хатлон вокуниш намуда, қайд кард, ки ин ҳолат дар мактаби миёнаи рақами 23-и ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сабт шудасст. Ин зан маъюби гурӯҳи дуюм буда, ба мактаб беиҷозати дарбон ворид шудааст.

“Ба маълумоти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки навори мазкур аз тарафи шаҳрванд Д. М., соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар муассисаи таълимии рақами 23-и ноҳияи Ҳамадонӣ сабт карда шудааст", - навиштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки шҳрванд Д. М. истиқоматкунандаи деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия буда, маълумоти олӣ надорад ва аз 23-юми сентябри соли 2013 дар қайди Маркази равонпизишкии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, маъюби гурӯҳи дуюм мебошад. Ӯ субҳи 15 сентябри соли 2023 ба муассисаи таълимии рақами 23-и деҳаашон кӯшиши ворид шудан намудааст, вале посбон ва навбатдор монеи ворид шудани ӯ ба муассисаи таълимӣ шудаанд.

"Пас аз ин тахминан соатҳои 13:30 аз дигар қисмат вориди бинои муассиса гардида, дар ҳолати дар хонаи омӯзгорон будани омӯзгори синфи 1 - ум ба синфхона ворид шудааст. Дар ин лаҳза аллакай хонандагони басти дуюм ба дарс ҳозир шуда будаанд. Номбурда бо телефони мобилӣ хонандагонро ба навор гирифтааст. Омӯзгор пас аз чанд дақиқа ба синфхона баргашта, ҳолати мазкурро дида, шаҳрванд Д. М - ро ҳамроҳи посбон аз муассиса берун кардааст", - гуфтааст манбаъ.

Шуъбаи маорифи ноҳия фавран ҳолати номбурдаро дар Муассисаи таълимии №23 мавриди баррасӣ қарор дода, барои чораандешӣ намудан нисбати директори муассиса ва муовинони директор, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва навбатдор маводҳои лозимӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Ҳамзамон, ба иттилои мудири шуъбаи маориф вобаста ба ҳолати мазкур кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Дар ҷаласаи фаврии шуъбаи маориф барои пурзӯр намудани назорати дохилимактабӣ дастури қатъӣ дода шудааст, ки вориди муассисаи таълимӣ гаштани шахсони бегона таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Вуҷуд доштани мушкилиҳои соҳаи маориф падидаи нав нест ва он яке аз мавзӯъҳои доғу баҳсбарангез боқӣ мондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мино 2023-09-19, 05:50
Эх Махина неки наконец-то кофта кофта аз ютюб хавара ефти-ку
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мино 2023-09-19, 05:50
Эх Махина неки наконец-то кофта кофта аз ютюб хавара ефти-ку
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД