Arzon march 2024
Хизматчиёни давлатӣ ба Корея мераванд
272

 


Аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 23 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод карда шуд.

Дар ин хусус имрӯз зимни вохӯрии муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ (довталабон барои таҳсил ва омӯзиши забони кореягӣ дар доираи барномаҳои «Fellowship for Korean Language training» ва «Dispatch of visiting professor» дар Ҷумҳурии Корея) иттилоъ додааст, Агентии хизмати давлатӣ.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст. Дар ин замина ҳамкории байналмилалии густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо давлатҳои хориҷа ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар робита ба ин бо мақсади татбиқи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Корея дархостҳои Агентии хизмати давлатӣ ба мақомотҳои давлатӣ ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои омӯзиши забони кореягӣ дар доираи барномаҳои «Fellowship for Korean Language training» ва «Dispatch of visiting professor» ирсол карда шуд.

Ҳамзамон зимни мулоқот иброз гардид, ки барномаҳои мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи дархостҳои зикршудаи Вазорати корҳои хориҷӣ барои пешниҳод ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба барномаи «Fellowship for Korean Language training» аз 1 июл то 31 августи соли 2023 ва барои барномаи «Dispatch of visiting professor» аз 1 июл то 15 сентябри соли 2023 муҳлат пешбинӣ шудааст.

Номзадҳо метавонанд дар муҳлатҳои мазкур аз тариқи порталҳои дар боло ёдоваршуда ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб дода, ба ҷониби Корея пешниҳод намоянд. Ҳамчунин ҷониби Корея номзадҳои интихобшударо давоми нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда, онҳоро хабардор менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД