sebiston july new
Хоҳарам ҳам зан асту ҳам мард, вале...
21.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1158

Салом ба хонандагони Oila.tj!

Мехоҳам қиссаи зиндагии талхи хоҳарамро ба шумо нақл кунам.

Хоҳари ман дар зиндагӣ ҳам зан асту ҳам мард аст, шаҳвар дошта бошад ҳам, аробаи зиндагиашро худаш бо душвориҳо мекашонад. Аламовараш он аст, ки хоҳамаро натанҳо шавҳараш, балки тамоми аҳли авлоди ӯ азоб медиҳанд. Бечора як умр ҷон мекоҳонад, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан, ҳар рӯз ба пояш ягон гапро часпонида, туҳмату буҳтон мезананд. Асабашро ҳамеша бо туҳмату иғвогариҳояшон хароб кардани хешу табори шавҳараш кам буд, ки боз дар назди ҳамкорону ҳамсояҳояш ӯро бадгӯӣ мекунанд.

Дилам ба хоҳаракам месӯзад, вале ӯро аз шавҳараш ҷудо карда, ба хонаам биёрам, чор фарзандашро нигоҳубин карда наметавонам. Дар пеши назарам рӯз ба рӯз хазон гаштани фарзанди падарамро дида, ҷигархун мешавам, вале илоҷе надорам.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

З., хонандаи шумо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД