Arzon march 2024
Хоҳари Муқаддас Набиева даргузашт
688

Сабоҳат Қосимова (Набиева), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, шоми дирӯз, дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Марҳум 72 сол дошт ва то нафасҳои охирин дар театр кор мекард. Ҷанозаи марҳум имрӯз баъди намози пешин дар масҷиди Хол Машраб баргузор шуда, ҳунарпешаро дар оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Сабоҳат Қосимова ҳамсари Фаррух Қосимов, ҳунарманд ва коргардони шинохта, хоҳари Муқаддас Набиева, овозхони маъруф, келини Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаҳои номдори тоҷик буд ва номи ин оиларо пос медошт.

Лутфуллои Азиз, рӯзноманигор, сабаби марги ҳунарпешаро саратон гуфт. "Ӯ дар манзилаш дар доди 72-солагӣ бар асари саратон даргузашт",-гуфт ӯ.

Ӯ 19-уми ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омада буд. Соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кард. Дар солҳои 1973-1989, 1999-2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 ҳунарпешаи Театри Аҳорун буд. Дар чанд соли охир роҳбари бадеии театри мазкурро ба зимма дошт. Ӯ баъди марги шавҳараш Театри Аҳорунро зинда нигаҳ медошт.

Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.

Ҳайати кормандони сомонаи “Оила” ба наздикону пайвандони ҳунарпеша ҳамдардии амиқ баён карда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳем

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД