Arzon march 2024
Хобгоҳи ройгон барои духтарони ятим
271

Кумитаи кор бо занон ва оила донишҷӯдухтарони ятим ва нимятимро бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад. Дар ин бора Сабоҳат Рустамзода, мудири шӯъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ба "Оила" хабар дод.

Манбаъ гуфт, муассисаи давлатии "Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”", ки зерсохтори Кумитаи кор бо занон ва оила ба шумор меравад, донишҷӯйдухтарони ятим ва нимятимро бо хобгоҳи ройгон таъмин мекунад.

"Хоҳишмандон метавонанд то 1-уми сентябр барои дарёфти ҷой дар хобгоҳ ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намуда, ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятим ё нимятим будани худро пешниҳод созанд", - гуфт манбаъ.

Маркази мазкур соли 2008 таъсис ёфта, яке аз вазифаҳояш таъмини духтарони ятим ва нимятим, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, бо ҷойи истиқомати ройгон ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои таҳсили онҳост. Хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт дар кӯчаи Нахимов ҷойгир буда, дар ин ҷо барои 100 нафар духтарон шароитҳои хуби зиндагӣ ва дарстайёркунӣ муҳайё карда шудаанд. Азбаски чанде аз духтарон имсол донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳоро хатм карда ба хонаҳояшон бармегарданд, ба ҷойи онҳо духтарони нав қабул карда мешаванд.

Масъулини маркази мазкур низ бо нашри як эълон хабар доданд, ки донишҷӯйдухтарон бо 3 вақт хӯроки гарм, сару либоси дарсӣ ва лавозимоти хониш таъмин гашта, барои онҳо курсҳои омӯзишии иловагӣ низ ба роҳ монда мешаванд.

Муассисаи давлатии "Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”" бо дастури Пешвои миллат таъсис ёфта, донишҷӯдухтарони ятим ва нимятим, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат таҳсил мекунанд, дар ин марказ аз ҷониби давлат бо ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд. Дар “Чароғи ҳидоят” барои зисту зиндагӣ ва таҳсили духтарон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Марказ бо техникаи навтарин таъмин буда, беҳтарин шароитҳои маиширо дорост. Дар баробари зиндагӣ дар хобгоҳи ройгон донишҷӯдухтарон метавонанд дар ин ҷо дониши худро такмил дода, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва ҳунарҳои занонаро ёд гиранд. Донишҷӯдухтароне, ки падару модар надоранд ё яке аз волидонашон аз сар рафта, нимятим ба шумор мераванд, метавонанд барои дарёфти хобгоҳи ройгон ва ҷойгир шудан дар Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намоянд“, - афзуд Рустамзода.

Ёдрас мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар кӯчаи академик Раҷабовҳо 3 (собиқ бинои Вазорати молия) воқеъ гаштааст. Хоҳишмандон метавонанд то 1 сентябр бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятимӣ ё нимятимии худ ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат карда, худро ба қайд гузоранд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед ба ин рақамҳо занг занед: 227-76-41 ва 907-37-37-37

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД