formula
Хобномаи исломӣ: Бо ҳарфи О
82441

Об

Оби тозаро хоб дидан нишонаи хушҳолӣ ва пешравӣ аст, оби ифлос бошад нишонаи ноумедиву андуҳгин гаштан аст. Дар хоб оби софу бомаза нӯшидан маънои онро дорад, ки инсон бо вуҷуди пеш омадани баъзе санҷишҳо ба роҳи дуруст меравад ва хушбахт мешавад.

Нӯшидани оби ҷӯшон дар хоб нишонаи он аст, ки бо баъзе сабабҳо ба сафар намебароед ва ҳамзамон аз шахсе, ки дастгириву кӯмакро интизор будед, дилмонда мегардед.

Дар хоб нӯшидани оби сиёҳ шаҳодати он аст, ки инсон нури чашмашро аз даст медиҳад, оби лойолуд аз даромади бевиҷдонона ба даст овардашуда, оби шӯр аз беморӣ дарак медиҳад.

Серобӣ нишонаи ҳосили хуб ба даст овардан аст.

Оби соф дар хоб нишонаи саломатӣ ва хушбахтӣ асту оби тира шаҳодат аз беморӣ ва муноқиша.

Оби Замзам

Дар хоб аз чоҳи Замзами Макка об нӯшидан аз бемориҳо шифо ёфтан аст. Агар оби Замзам ба хотири ба даст овардани пул ё дониш нӯшида шавад, шахси чунин хобдида ба муродаш мерасад.

Оғӯш, бағал

Нафаре, ки шахси дар қайди ҳаёт бударо дар хобаш ба оғӯш мегирад, дар бедорӣ бо ӯ дар робита мегардад. Рафту шахси фавтидаро ба оғӯш гирад, эҳтимол худаш мефавтад.

 

Одамон

Дар хоб дидани анбуҳи одамон маънои онро дорад, ки шумо ба доми афроди дурӯя ва ҳасудхӯр афтидаед. Аз ин афрод дурӣ ҷӯед.

 

Озах

Дар хоб озах бубинед, хабари хуш мешунавед.

 

Оллоҳ

Ҳар нафаре, ки дар хоб Оллоҳи бузургро шоду масрур мебинад, пас дар рӯзи Қиёмат нигоҳи Оллоҳ низ сӯяш чунин хоҳад буд. Ҳамзамон хоб дидани Оллоҳ нишондиҳандаи он аст, ки Оллоҳ аз амалу кирдори неки инсон розӣ асту подоши амалҳои хубашро мебинад. Агар дар хоб бубинӣ, ки Офардигор ба ту чизе аз хубиҳои ҳаёт медиҳад, нохушӣ ё беморие насибат мегардад, ки бо сабаби он ба биҳишт ворид мегардӣ. Агар инсон Оллоҳро дар ягон мавзеи машҳуру шинохта бубинад, ин маънои онро дорад, ки он макони адолату ҳақиқат аст ва он ҷо инсонро некиву хушҳолӣ ва ёрӣ мерасад. Хоб дидани он ки Худованд бо касе гап мезанаду барои амале ҳушдор ё сарзаниш мекунад, ин шахс гунаҳкор аст ва бояд ҳатман тавба кунад. Рафту Худованд дар хоб омада, инсонро миннатдорӣ намояд, пас ин нафар муъҷизаофар (бокаромат) аст ва ба ситоиши Парвардигор муяссар гардидааст. Чунин хобро танҳо нафарони баргузида мебинанд.

Оллоҳу акбар

Талаффуз намудани ибораи Оллоҳу акбар (Оллоҳ бузург аст) ба хушнудӣ, шодӣ, некиҳои зиёд, хайру эҳсон ва ба душман ғолиб омаданро маънидод мекунад.

 

Оина

Оина дар хоб ба маънои зан меояд. Мард дар хоб ба оина нигоҳ кунаду занаш ҳомила бошад, соҳиби писаре мешавад, ки чун себи дукафон ба падар монанд мешавад, рафту занаш ҳомила набошад ё мард муҷаррад бошад, аз вазифа сабукдӯш мегардад ва ҷояшро каси дигар мегирад. Рафту зан чунин хоб бубинад, духтареро ба дунё меорад, ки ба худаш монанд мегардад, агар зан ҳомила набошад, шавҳараш зани дуюм мегирад. Дар хобе, ки писарчаи хурдсол худро дар оина нигоҳ мекунад, додарчадор мешавад, рафту духтарча чунин хоб бубинад, соҳиби хоҳарча мегардад. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки оина дар хоб маънои ба доми фиреб ва хиёнати шахсони дурӯяи дар ниқоби дӯсту афроди хайрхоҳ афтиданро дорад.

Омӯзиш

Омӯзиши Қуръон ё ҳадисҳо дар хоб аз худ намудани илму дониш, боигарии баъд аз камбизоатӣ ба даст омада ва баъд аз иштибоҳ ба роҳи рост қадам гузоштанро маънидод менамояд.

 

Омӯзгор, устод

Нафаре, ки дар хобаш устоди худро хоб мебинад, дар бедорӣ бо роҳбарият ё дигар шахси мансабдор вомехӯрад. Ҳамзамон хоб дидани устоди китоби Қуръон маънои ба Оллоҳ наздик будани шахси хобдидаро дорад.

 

Орд

Орди гандумӣ ё ҷавин дар хоб нишонаи боигарии ҷамъшуда аст. Таъбири хоб дидани орд назар ба хоб дидани нон беҳтар аст. Орд дар хоб воситаи ба даст овардани ризқу рӯзӣ аст. Эҳтимол он ба илму донишҳои муҳиму даркорӣ ишора намояд. Хамир шӯридан дар хоб нишонаи ба сафар баромадану аз ҳоли наздикон бохабар шуданро дорад.

 

 

Осиёб, санги осиёб

Осиёб дар хоб нишонаи раҳо ёфтан аз мушкилоти молиявӣ ё осудаҳолӣ баъди камбизоатӣ, ҳамзамон зан барои марди муҷаррад ва шавҳар барои зани танҳо аст. Дар хоб дидани он ки осиёби дастӣ дар маркази шаҳр ё дохили масҷид қарор дорад, ин шаҳр ба вайрона мубаддал мегардад, чунин хоб аз сар задани ҷанг шаҳодат медиҳад. Чарх задани санги осиёб дар хоб ин сурудхонӣ ва пешравӣ дар ҳама кор аст. Нафаре, ки дар хоб бо осиёб кор мекунад, дар бедорӣ мағозаи шахсии худро мекушояд. Осиёби шикастаро хоб дидан нишонаи аз ташвишҳо раҳо ёфтан ё марг аст.

 

Осмон

Агар дар хоб аз осмон оташ афтад, пас одамонро бадбахтиву беморӣ, марг ва қимат шудани маҳсулот интизор аст. Нафаре, ки дар хобаш тавассути зина ё банд ба теппа мебарояд, ба мавқеи баланд мерасад. Ба осмон наздик шудан дар хоб нишонаи ба Оллоҳ наздик шудан, дар баъзе ҳолатҳо чунин хоб нишонаи ба имом, ҳоким, олим, падар, шавҳар ва хӯҷаини худ наздик шудан аст. Шахсе, ки дар хобаш аз осмон ба замин меафтад, он нафар гуноҳи азиме содир кардааст. Осмони бе абр дар хоб нишонаи оромиши қалб ва табъи болида аст. Осмони зард рамзи беморӣ, осмони абрнок нишонаи бебарорӣ, осмони кабуд нишонаи фаровонӣ, осмони гулгун аз беҳосилӣ дарак медиҳад.

 

Оташ

Оташ дар хоб таҷассумгари ҷанг, азоб, ошӯб, талафот ва фалокат аст. Рафту оташ дуди баланд дошта бошад, чунин хоб даҳшатангез ва азиятовар аст. Нафаре, ки дар хобаш ба оташ саҷда мекунад, ҷонибдори ҷанг асту шайтонро мепарастад. Шахсе, ки дар хобаш оташро истеъмол мекунад, ҳақи сағераро мехӯрад ё бо пули ҳаром рӯз мегузаронад. Рафту оташ дар хоб инсонро думболагир шавад, аз сар задани ҷанг ё марг далолат медиҳад. Агар нафаре дар хоб либос ё ягон узви худро дар коми оташ бубинад, дучори мусибат мегардад. Оташе, ки равшанӣ ва фоида медиҳад, бехатарӣ барои нафаре аст, ки дар ҳолати тарс қарор дорад. Нафаре, ки дар хоб миёни одамон оташ меафрӯзад, миёни онҳо ҷангу низоъ мехезонад. Хомӯш гаштани оташ дар хоб аз хотима ёфтани ҷанг пешгӯӣ мекунад. Шахсе, ки дар хобаш оташ афрӯхта, ҳам худ ва ҳам дигаронро гарм месозад, барои худ кори муфиде пайдо мекунаду аз нодорӣ раҳо меёбад. Баъзе уламо оташро дар хоб нишонаи содир намудани гуноҳҳои инсон мешуморанд. Оташи поймолшуда дар хоб нишонаи дар ҳолати хавотирии пайваста қарор доштанро дорад. Оташро дар хоб хомӯш кардан маънои кореро аз таҳти дил ба сомон расониданро дорад. Оташ ба худотарсӣ ва тақводорӣ ишора мекунад ва ҳамзамон маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дар роҳи дуруст аст.

Дар хоб алангаи оташро хоб дидан аз шунидани хабарҳои ташвишовар дарак медиҳад, ки боиси бад шудани вазъи саломатӣ ва барбод рафтани умр мегардад.

 

 

Оташдон, кӯра

Дар хоб дидани оташдон нишонаи беҳтар гаштани вазъи зиндагӣ ва осудаҳолӣ аст.

 

Оташи дӯзах

Дар хоб дидани оташи дӯзах аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон ба бадбахтӣ дучор мегардад ё имтиҳони вазнине ӯро дар пеш аст, ки аз он раҳо ёфта наметавонад. Ҳар нафаре, ки оташи дӯзахро дар хоб мебинад, бояд аз пайи тавбаву надомат шавад.

Агар дар хоб бинед, ки ба дӯзах афтидаед, ин маънои онро дорад, ки ба амали нораво ва гуноҳи бузург даст мезанед. Ва нафаре, ки шуморо ба оташи дӯзах мебарад, аз ӯ эҳтиёт шавед, зеро маҳз ҳамин нафар шуморо ба амали нораво роҳнамо месозад. Агар дар хоб инсон аз оташи дӯзах сиҳат барояд, ӯро бо ғамхорӣ фаро мегиранд ва ӯ пӯзиши гуноҳ мекунад.

Агар аз оби дӯзах ё дарахти дӯзах чизе биошомӣ, аз бадбахтие огаҳ мегардӣ.

Сиёҳ гаштани рӯй аз оташи дӯзах, нишонаи он аст, ки бо душмани Оллоҳ муошират мекунӣ ва дар кору кирдори ӯ шарик гашта, шармандаву рӯсиёҳ мегардӣ.

Агар дар хоб бубинӣ, ки муддати мадид дар дӯзах ҳастӣ ва чӣ гуна ба ин ҷо роҳ ёфтанатро намедонӣ, тамоми умр аз намозу рӯза ҷудо гашта бадбахт мемонӣ.

Дар оташи лахчаҳои дӯзах гаштан маънои онро дорад, ки инсон аз болои каллаҳои намозгузорони масҷид роҳ мегардад. Ҳама гуна хобе, ки дар мавриди оташи дӯзах дида мешавад, ошӯбу балво аст.

Агар нафаре шамшери худро аз ғилоф кашида ба оташи дӯзах дарояд, ба алфози қабеҳу нораво роҳ медиҳад. Бо табассум вориди оташ гашта, аз содир кардани гуноҳ ва бе имонӣ далолат медиҳад.

Дар наздикии худ дидани оташи дӯзах нишонаи пеш омадани мушкиливу душвориҳо аст.

 

Оҳан

Шахсе, ки дар дасти худ оҳанро хоб мебинад, боигарӣ, нерӯ ва ғолибият насибаш мегардад. Рафту оҳан дар даст мулоим гашта бошад, шахси чунин хобдида соҳиби молу мулки зиёд мегардад. Баъзе уламо бар онанд, ки оҳан ва маснуоти оҳанӣ дар хоб ҳам нишонаи некӣ буда метавонаду ҳам нишонаи бадӣ.

Оҳангар

Оҳангар дар хоб нафаре аст, ки иродаи мустаҳкам дорад. Баъзе олимони таъбиргари хоб бар онанд, ки оҳангар дар хоб маънои ба даст овардани молу мулки зиёдро дорад. Баъзеҳо бар онанд, ки оҳангар дар хоб нишонаи сар задании ҷанг аст, зеро аксарияти яроқу аслиҳа аз оҳан сохта мешаванд. Ҳамзамон хоб дидани оҳангар шаҳодат аз рафтори ношоиста аст, зеро оҳангар бо оташ кор мекунаду оташ рамзи шайтон аст.

 

 

Оҳу

Оҳу дар хоб ифодакунандаи кӯдакон ва духтари зебо аст. Ҳар нафаре, ки дар хобаш оҳу шикор мекунад ё ба ӯ оҳу туҳфа мекунанд ва ё оҳу харидорӣ менамояд, барои худ манбаи даромад пайдо мекунад ё оила бунёд менамояду соҳиби писар мегардад. Дар хоб қапидани оҳу некӣ дидан аст, сар задани оҳу ба духтари хубе издивоҷ кардан аст. Рафту оҳу дар хоб ба мард ҳуҷум намояд, пас зани ин мард ба ӯ итоат намекунад. Аз пайи оҳу рафтан маънои нерӯи бештар гирифтанро дорад. Пӯст кандани оҳу ба зино роҳ додан аст.

Офтоб

Офтоб дар хоб ҳамчун ҳокими мусалмонон, падар ё пешво таъбир мегардад. Хоб дидани офтоб некӣ, беҳбудӣ ва зиндагии хуррамона аст. Тулӯи офтоб дар хоб некӣ, фоида ва рӯзгори осоишта аст. Нафаре, ки тулӯъ ё ғуруби офтобро дар манзили худ хоб мебинад, ба бузургиву шаҳомат ва шӯҳрат мерасад. Дар баъзе ҳолатҳо офтоб дар хоб нишонаи ба роҳи дуруст сафарбар шудан ва шифо ёфтан аз бемориҳо аст. Рафту дар хоб абрҳо офтобро печида бошанд, ин нишонаи марги яке аз волидон аст. Офтобу моҳтобро якҷоя хоб дидан, нишонаи нек нест. Инчунин, офтоби хира низ нек таъбир намегардад.

 

Офтобгирӣ

Офтобгирӣ дар хоб ҳушдор додани одамон аз бадбахтӣ аст.

Ошхона

Ошхонаи тозаву озода дар хоб зани тозакору бовиҷдон аст ва баръакс. Агар дар хоби мард ошхона бӯйи бад мекарда бошад, эҳтиёт шуданаш лозим аст, зеро занаш ӯро фиреб кардан мехоҳад. Дар ошхона хун хоб дидан ҳайзи зан аст.

Оштишавӣ, ризоият  

Дар хоб бо нафаре оштӣ шудан ҳамеша нишонаи нек дорад. Дар Қуръони азимушшаън Парвардигор мегӯяд: Дар воқеъ, ризоият кори нек аст.

(4:128)

 

 

Оятҳои Қуръонӣ

Дар хоб шунидани оятҳое, ки нафаре аз гузаштагони инсон талаффуз мекунад, нишондиҳандаи он аст, ки шахси фавтида ба лутфу меҳрубонии Оллоҳ муяссар гардидааст. Рафту мазмуни оятҳо оиди ҷазову гуноҳи инсон бошад, пас ин нафар ба ғазаби Худованд гирифтор гаштааст. Оятҳои панду насиҳатӣ инсонро аз содир намудани аъмоли нодуруст ҳушдор месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Косим 2023-05-09, 00:32
Дар хобам додар янебародарамро об бурдестодай ва чандинбор начот додан мехоҳам вале наметавонам баъдан бо оташ наздик шудан мегирад ҳолати ба оташ рафтан характ мекунум боз оташ нест мешавад.
Посух
Мижгона 2023-07-08, 07:35
Дар хобам оши палавро аз хонаи хешовандонам чаьм карда ба хонам гурон рарафтосиям ва боз дар вахти маршрутка шиштан додарчам аз дари маршрут парида меафтаду хуншор мешавад
Посух
Шукрон 2023-07-28, 02:32
Одами сиёҳ
Посух
фарид 2023-08-18, 06:07
Замин ва рохи мошингард валангор шуд бисëр мошинхо таги замин губами.
Посух
Фарангис 2023-08-28, 22:22
Дар хобам дидам ки маъшукамро гум кардам бисёр гиря кардам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Косим 2023-05-09, 00:32
Дар хобам додар янебародарамро об бурдестодай ва чандинбор начот додан мехоҳам вале наметавонам баъдан бо оташ наздик шудан мегирад ҳолати ба оташ рафтан характ мекунум боз оташ нест мешавад.
Посух
Мижгона 2023-07-08, 07:35
Дар хобам оши палавро аз хонаи хешовандонам чаьм карда ба хонам гурон рарафтосиям ва боз дар вахти маршрутка шиштан додарчам аз дари маршрут парида меафтаду хуншор мешавад
Посух
Шукрон 2023-07-28, 02:32
Одами сиёҳ
Посух
фарид 2023-08-18, 06:07
Замин ва рохи мошингард валангор шуд бисëр мошинхо таги замин губами.
Посух
Фарангис 2023-08-28, 22:22
Дар хобам дидам ки маъшукамро гум кардам бисёр гиря кардам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД