arzon replenishment
Зодрӯз муборак, пайрави асили Пешвои миллат!
1502

Исми соҳибкор, варзишгар ва хайрхоҳ Исмоили Маҳмадзоир замоне вирди забони омма шуд, ки ба хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд дасти кӯмак дароз кард. Аз ҷумла, соле қабл ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ миқдори зиёди маводди ғизоӣ кӯмак намуд ва барои сокинони ноҳияи Хуросон нуқтаҳои оби ошомиданӣ баровард.

Исмоил бо оне, ки имрӯз 26-сола шуд, аллакай соҳиби нуфузу мартабаи баланде дар ҷомеа аст ва ин ҳама, натиҷаи дастгирии афроди ниёзманд мебошад.

Исмоили Маҳмадзоир аз ҷумлаи шарикони доимии сомонаи “Oila” аст ва ду сол қабл баъди нашри як навор дар саҳифаи ютуби “Oila” ба ду хонаводи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доштанд, хона туҳфа карда буд. Муҳаррама Очилова ва духтараш аз ин пештар дар як фермаи чорво, дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекарданд.

Мо аз зиндагии пуразобу пурмоҷарои сокини деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода Муҳаррам Очилова видеое омода карда будем. Муҳаррам ва духтари 25-солааш чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебурд ва соҳибони ферма ҳар рӯз онҳоро дашному таҳқир карда, аз фермаҳояшон рондан мехостанд. Аммо ба рӯи онҳо бахт хандид ва бо кӯмаки Исмоили Маҳмадзоир соҳиби манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит шуданд.

Исмоили Маҳмадзоир 11 июли соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ соҳибкор, Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, сарпарасти кулли бошгоҳи футболи «Равшан», муассиси ширкати “IM Group” ва сарпарасти кибер-варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Исмоил набераи калонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва пайрави асили кору пайкори бобои бузургаш мебошад.

Ӯ хатмкардаи Литсейи президентии шаҳри Душанбе буда, соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва соли 2021 Академияи кишоварзӣ ва идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси мудирияти давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кард.

Холдинги таъсисдодаи ӯ бо унвони “IM GROUP” аз бузургтарин ширкатҳои хусусии Тоҷикистон аст, ки соли 2016 созмон ёфтааст. Ширкат сохторҳои гуногунро дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон ва тавлидот дар бар мегирад. «IM GROUP» инчунин ба лоиҳаҳои ояндадоре, ки аз ҷониби соҳибкорони ҷавони кишвар бунёд гардидаанд, сармоягузорӣ мекунад ва бо анъанаҳои дастгирии иҷтимоии сокинони кишвар машҳур аст. Дурнамои ширкат на танҳо ба рушди тиҷорат, балки ба беҳтар кардани вазъи иҷтимоии ҷомеа низ нигаронида шудааст. Ширкати ӯ дар соли 2022 “Сарпарасти платина”-и нахустин Қаҳрамонии велосипедронии Осиё ва паралимпии “Душанбе 2022” гардид.

Инчунин, Исмоили Маҳмадзоир пайваста дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро дастгирӣ намуда, ба бошгоҳи варзишии «Ҳоҷӣ Шариф» низ сарпарастӣ мекунад.

Ӯ ба рушди варзиш дар Тоҷикистон саҳмгузор буда, баргузории чорабиниҳо, мусобиқаҳои гуногунро сармоягузорӣ ва дастгирӣ мекунад ва худаш низ бевосита дар чунин чорабиниҳо ширкат мекунад.

Ҳамин тавр, Исмоили Маҳмадзоир давоми се соли охир, ба яке аз чеҳраҳои намоёни соҳаи варзиш ва оилами хайру сахо дар Тоҷикистон табдил ёфт. Ӯ мудом дар рушду пешрафти соҳаи варзиши меҳан саҳмгузор асту ҷиҳати дасти ёрӣ дароз намудан ба парчамбардорони тоҷик, ҳамвора саҳмгузору сарпараст мебошад.

Инчунин, нақши ӯ дар бунёди толору марказҳои варзишӣ хело чашмрас аст. Моҳи сентябри соли 2019 бо дасгирии Исмоили Махмадзоир дар Тоҷикистон яке аз клубҳои муосири машқи ҷудо «Ҳочӣ Шариф» ба истифода дода шуд. Барои варзишгарони чанд синну сол дар Душанбе ҳамакнун толори варзишии ба стандартҳои байналмилаллӣ ҷавобгӯ  сохта мавриди истифода қарор гирифт.

Бар замми ин, дар толори мазкур мураббиёни ботаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ, алалхусус мураббии сатҳи байналмилалӣ аз Гурҷистон барои таълими дарси ҷудо ҷалб гардидаанд. Клуби мазкур дар муддати кӯтоҳ варзишгарони сатҳи байналмилалиро омода намуда истодааст, ки дар чемпионатҳои дохилӣ ва хориҷӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

Дар умум то кунун дар сатҳи байналмилалӣ ҷудочиёни клуби Ҳочӣ Шариф 171 медал ба даст оварданд, ки аз он 47 то медали тилло, 30 нуқра ва 94 медали биринҷӣ мебошад ва албатта ин барои як клуби навтаъсис нишондоди хело назаррас мебошад.

Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Исмоил ба риштаи варзиши ҷудо таваҷҷуҳи зиёд дорад. Албатта, ба ҳамагон маълуму маъмул аст, ки имрӯз риштаи ҷудо аз варзишҳои дӯстоштанӣ ва маҳбуб дар қаламравӣ кишвар аст. Исмоил ҳам то ба ин рӯз баҳри рушду нумӯи ин риштаи варзиш дар кишвар борҳо саҳмгузор шуду дар баргузории мусобиқаҳо сарпарастӣ кард. Бо дастгириҳои ин ҷавони ватандӯст имрӯз ҳам ҷудокорони меҳан тавониста истодаанд, ки фатҳи қуллаҳои баландро дар мусобиқаҳои фароқоравӣ ба даст биёранд ва ливои меҳанро парафшон гардонанд.

Исмоил чун як фарди ватандӯст пайваста ба парчамбардорони намудҳои мухталифи варзиш дар раванди иштирокашон дар мусобиқотҳои байналмилалӣ мусоидат ва кӯмаки худро дареғ намедорад. Ҳамзамон, мудом бо иқдомҳои бузургаш дар самти варзиш ва дасти хайраш дар қаламрави кишвар, намунаи беҳтарин ҷавони меҳанпарвару варзишдӯст буданашро, дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ин аст, иҷрои рисолати ватандорӣ, ки масирашро ин ҷавони далеру фурӯтан ва шуҷоъ тай карда истодааст ва ин бояд, барои дигарон намунаи ибрат бошад.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона ин ҷавони ибратомӯзу муваффақро ба ифтихори фаро расидани боз як баҳори сабзи умраш шодбош гуфта, барояш фатҳи тамоми қуллаҳои комёбиву ҳаётро орзуманд аст. Зодрӯз муборак, ҷавони созанда ва пайрави асили Пешвои миллат!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД