arzon replenishment
Хола, дидӣ, ки пурай, чида шиштӣ?!
18.04.2022
Оила
1301

 

Магар бо пешрафти замона ҳурмату эҳтиром аз байн меравад?

 

Бегоҳ, тахминан соатҳои 18-30 хаставу абгор аз кор баромада, роҳ сӯйи истгоҳи “Баракат” пеш гирифтам. Афроди зиёде дар истгоҳ интизори омадани нақлиёт буданд ва бо пайдо шудани автобус ё троллейбуси навбатӣ анбӯҳи мусофирон якбора ба ҷунбиш медаромад. Азбаски аллакай шом фаро расида буд, одамон кӯшиш мекарданд бо кадом роҳе набошад, савори нақлиёт гашта, зудтар ба манзил бирасанд. Қатори дигарон ман ҳам илоҷе карда, ба тролейбус савор шудам. Мусофирон хеле зиёд ва аз бисёрии одам озод нафас кашидан ҳам душвор буд. Аксари ҷойҳои нишастро ҷавонон банд карда буданд ва барои он ки занҳои кӯдакдор ва мусофирони калонсол нороҳаташон насозанд, ба гӯшҳояшон гӯшмонак гузошта, сарашонро аз телефон намебардоштанду чунон вонамуд мекарданд, ки бо ҳалли масъалаҳои байналмиллалӣ машғуланд.

Дар истгоҳи навбатӣ кампираки қоматхамидае, ки базӯр рост меистод, савори тролейбус гашт ва дар болои сари як ҷавонмарди ҳузарб, ки тахминан 30-35 сол дошт, рост истод. Ҳангоми ҳаракати нақлиёт ҷисми нотавони пиразан мисли маҷнунбед ларзида ба ҳар тараф такон мехӯрд ва чанд бор қариб афтода буд.

Аҳволи кампиракро дида, як зани рус, ки синну солаш аз 50-55 болотар ба назар мерасид, аз он мард хоҳиш кард:

“Молодой человек, может уступите место бабушке...”

Ҷавонмард дар гӯшаш гӯшмонак надошта бошад ҳам, худро ба карӣ зада, чунон вонамуд кард, ки ин суханон ба вай аслан дахл надоранд. Зани рус ҳар дам дилсӯзона ба пиразани нимҷони тоҷик менигарист ва чанд маротиба гаштаву баргашта аз он ҷавон хоҳишу илтимос кард, ки ҷояшро ба кампирак диҳад, аммо аз санг садо буду аз он мард не!

-Эҳтимол забони русиро намедонад,-луқма партофт яке аз мусофирон.

-Медонад, сад дар сад медонад, вале гӯшашро ба карӣ зада истодааст,-гуфт дар ҷавоб зани миёнасоле, ки дар паҳлӯи пиразан рост меистод.

-Забони русиро надонад ҳам, кӯр нест-ку, дида истодааст, ки як пиразани нӯронӣ, ки шояд дар синну сол аз модараш ҳам калонтар бошад, дар болои сараш рост истодааст ва мадори истодан надорад, лекин аз худаш “наҳанги кар” сохта, чунон баҳузур нишастааст, ки гӯё ин тролейбусро падараш харида бошад, -бо нафрат овоз баланд кард кадом як мусофири дигар.

-Ҳозир аҳволи ҳамаи ҷавонҳо ҳамин, дигар чӣ ҳам мегӯед?! Бинед, аз ин мардак ҷавонтарҳо ҳам баҳузур нишастаанд, ҳатто донишҷӯён дигар дар нақлиёт ба калонсолон ҷой намедиҳанд, аз камсавод ва бесаводон чӣ гила,-даст афшонд як марди зиёинамо, ки синну солаш аз 60-65 боло бошад ҳам, рост меистод.  

-Рост мегӯед, дигар дар баъзе мардон мардонагӣ ҳам намондааст. Мардҳои пештара марди ҳақиқӣ буданд! Дар давраҳои ҷавонии мо кампиру мӯйсафед он тараф истад, ҳатто ягон ҷавонзан ва ё духтар рост истода бошад, мардон нишастанро ба худ эб надида, зуд ба ӯ ҷой медоданд, вале акнун замона тамоман дигар шудааст. Бегона он тараф истад, имрӯз падар ё модари худашон дар болои сарашон рост истода бошад ҳам, баъзе мардҳо гӯшашонро ба карӣ зада, шиштан мегиранд, -гуфтаҳои ӯро қувват дод як зани калонсол.

Аз афташ баҳсу мунозира ва суханони нешдори мусофирон ба мард таъсир карданд, ки ниҳоят сарашро бардошт, вале ба ҷойи он ки ба пиразан ҷой диҳад, норозиёна дод зад:

-Эй безор карден холаҳо, диден, ки тролейбус пурай, чида мешинен?! Мома, хутам дар ҳамин дами пирит дар хонат шинӣ, намешавад?! Дигар туя чию дар ҳамин бегаҳӣ шаҳр ба шаҳр гаштанут чӣ, охир одам, ки пир шуд, Худо гуфта, намозоша хонда мешина дар хонаш...

Пиразан “бачам, наберам дар балниса хобай, хаваяка хабаргирӣ рафта будум” гӯён, гунаҳкорона ба ҷавон нигарист, вале мард боз рӯяшро ҷониби тиреза гардонда, чашмонашро дубора нимпӯш кард...

Ҳамин тавр тролейбус ба истгоҳи зарурии ман расид ва бо табъи озурда пиёда шудам, вале ҳамоно симои пиразан аз пеши назарам дур намешуд ва худ ба худ андеша мекардам, ки ба ҷавонони имрӯза чӣ дард расида бошад, ки аз худ “одамони замонавӣ” сохта, гӯшмонак дар гӯш ба ҷуз телефону телефонбозӣ дигар чизеро намедонанд ?! Наход демократия моро ба андозае “озод” ва “комилҳуқуқ” гардонида бошад, ки ҳурмату эҳтиром тухми анқо гашта, дигар касе ҳатто ба пирони барҷомонда низ раҳму шафқат зоҳир наменамояд?! Мардонро ҳомӣ, такягоҳ ва сутуни устувор меноманд, вале аз чунин мардоне, ки ҳатто ба зани ҳомила, модари тифли навзод дошта ва пиразани қоматхамида дар нақлиёт ҷой додан намехоҳанд ва тавони чанд лаҳза рост истоданро надоранд, чӣ гуна ҷавонмардӣ ва ҳимоятро метавон интизор шуд?!

Субҳи рӯзи дигар вақте савори автобус шудам, як ҷавони ҳамдеҳаам, ки бо сабаби каме парешонҳол намуданаш аксари мардум ӯро “девона” мехонанд, ба ман ҷой дод. Ҳарчанд мегуфтам, ки бемалол нишастан гирад, ман баъди ду-се истгоҳ мефароям, вале он ҷавони аз нигоҳи дигарон “девонаавзоъ” ҷойро бароям холӣ кард ва “Апаҷон, шинед, мардак бояд мардона рафтор кунад, агар ба занҳо ҷой надиҳем, мо чӣ хел мардем” гӯён, маро ба нишастан маҷбур кард.

Ин таззод маро ба андеша бурд. Бинед, ки ақли як ҷавони рӯҳан бемор ба дарки оини ҷавонмардӣ расида, мегӯяд “ҳимоят кардан аз бонувон рисолати азалии зан аст ва камтарин коре, ки аз дасти мо, мардон меояд, ҷой додан ба хонумҳост, агар дар нақлиёт ба занҳо ҷой надиҳем, пас мо чӣ гуна мардем”, вале ҷавонмардони чорпаҳлӯ, ки баъзеашон аз худ “интеллегент” сохта, галстук баста мегарданд, дарки ҳамин ҳақиқати оддӣ барояшон мушкил аст ё он қадар пеш рафтаанд, ки мисли ҷавонони муосири амрикоиву аврупоӣ худро шоҳу табъашонро вазир мепиндоранд ва касе ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки пишакашонро пишт гуфта, онҳоро дар нақлиёт ё ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ нороҳат созад?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД