Oila Navruz
Холёр Каримов:Русия маро аз пойи равон маҳрум кард
3517
Холёр Каримов:Русия маро аз пойи равон маҳрум кард

5 соли пуразоб ва сарнавишти талхи муҳоҷир

Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист

Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест

Дар ҳақиқат зиндагӣ пур аз шебу фарозҳост ва ҳар як инсон гоҳе рӯйи зину гоҳи дигар зин ба пӯшт афтону хезон дар ин пайрҳаи печида қадам мезанад. Холёр Каримов ҳам панҷ сол ноновар як хонавода буд ва ба мисли мардон ризқу рӯзии худу фарзандонашро бо меҳнати ҳалол аз Русия пайдо мекард, аммо сарнавишт ин марди меҳнатиро имрӯз ба бистари беморӣ мехкӯб ва ба кӯмаки дигарон мӯҳтоҷ гардонидааст.

Вай дар яке аз шаҳрҳои Русия дар сохтмон кор мекард ва як рӯзи наҳс ҳамроҳи ҳамкоронаш ба оббозӣ рафту аз он ҷониб ӯ маъюб баргашт. Ҳангоми оббозӣ мӯҳраи гаранаш лат хӯрд ва ҳамин тавр аз пои равон маҳрум гашта, бемори бистарӣ шуда монд. Умедворем, ки соҳибкорон ва дигар афроди хайрхоҳ ба ин марди маъюб дасти ёрӣ дароз карда, барои барқарор кардани саломатиш саҳми худро мегузоранд.

№ тел: +992-900-15-74-00

№ корт 5058-2704-2018-2833 (Бонки Эсхата)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД