sebiston july new
Саида Замонова: Аз шавҳарам шатта хӯрда, боз ба саҳна мебаромадам!
4361
Саида Замонова:  Аз шавҳарам шатта хӯрда,  боз ба саҳна мебаромадам!(ВИДЕО)

 

Саида Замонова, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 1981 то 2019 дар шуъбаи овозхонии қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият намудааст. Муддати се сол охир ин зани ҳунарманд дар мактаби санъати бачагонаи ноҳия ба хурдтаракон нозукиҳои ҳунарро меомӯзад.

Саида ва шавҳараш ҳамдигарро дӯст дошта, оила барпо намуда буданд, вале рашки мард ба решаи ниҳоли бахташон табар зад. Шавҳараш Саидаро ҳатто ба сояи худаш низ рашк бурда, талаб мекард, ки аз баҳри санъат гузарад. Аз рӯйи нақли ин зани ҳунарманд, баъди ҳар як баромадаш дар саҳна шавҳараш ӯро зери мушту лагад мегирифт, вале бо ин ҳама ҷабру ҷафо натавонист меҳри санъатро аз дили Саида берун созад. Мурданивор шатта хӯрад ҳам, ин зани тору пудаш аз гили ҳунар сиришташуда боз ба саҳна мебаромад ва аламҳои қалби зорашро бо тарона ифшо мекард.

Оқибат мард ӯро сари дуроҳаи қисмат қарор дода, наздаш шарт гузошт, ки аз ду якеро инихоб намояд: оила ё саҳна!

Албатта оила барои инсон муқаддас аст, вале Саида санъатро интихоб намуд, зеро бе касби дӯстдоштааш зиндагӣ барояш маънӣ надошт. Ҳамин тавр оилаи онҳо вайрон шуда, зану шавҳар талоқ гирифтанд. Албатта ба танҳоӣ кашидани аробаи зиндагӣ осон набуд, вале Саида тамоми азму иродаашро ҷамъ карда, аз паси таъмин ва тарбияи бачаҳояш шуд.

Ин зани шуҷоъ соҳиби 5 фарзанд ва 7 набера буда, имрӯз ҳаёти осоишта ба сар мебарад. Зиндагии Саида Замонова барои дигар бонувон намунаи ибрат аст. Биёед, сарнавишти Саидаро аз забони худаш бишнавем. (Видео)

Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст, "Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД