sebiston july new
Хонаамро сӯхтӣ, оча! Қисми 1
29.05.2022
ОИЛА
2273

 

Ҳар сол чӣ қадар оилаҳо бо дахолати калонсон, барои дупула гап вайрон мешаванд. Як ғурури нозарур, худро аз дигаре боло донистан, дигару дигар сабаб мегардад, ки нафаре умре бадбахт гардад.

Медонед чаро суханро бо ҳасрат намудан оғоз намудам? Чунки ман қурбонии ғурури нозарури пайвандонам гардидам…

                           Нозанини кӯча

Байни чор бародар духтари ягона ва нозпарварди хонаводаамон будам. Дар мактаб хубу аъло мехондам, аммо бародаронам зидди хондани ман буданду ман ҳам чун дигар духтарони қишлоқӣ орзуҳоямро қурбони ҷаҳолати бародарону волидайнам кардам. Падарам барвақт аз дунё гузашта бошад ҳам, бародаронам дар зиндагӣ мавқеи худро ёфта буданду зиндагии шоистае доштем. Онҳо ҳама хоҳишҳои маро иҷро мекарданд, чизе мехостам, муҳайё менамуданд, вале модарам…

Модарам ҳаргиз маро эрка намекард ва тамоми ҳунарҳои ба як зан хосро бароям меомӯхтанд. Худситоӣ нашавад, духтари қоматбаланду сафедандоми зебое будам, бар замми ин ҳунарманду сархаму хидматгор ва табиист, ки хушдорони зиёде доштам. Ҳақу ҳамсоя нозанини кӯчаам меномиданд ва ҳар хонаводае, ки писари зангир дошт, маро бо чашми ҳавас назора мекард, аммо риштаи тақдир дар дасти мо нест. Дар кӯчаамон оилаи сарватманде мезист, ки набераи духтарияшонро баъди вафоти духтарашон калон карданд. Бахтиёр бо ёрии тағоҳояш донишгоҳро хатм карда бошад ҳам, аз рӯйи тахассусаш кор накарда, ба тиҷорати мошин даст зад ва комёб шуд. Бахтиёр низ домодшавандаи таърифии кӯчаамон буд, ман ҳатто ба гӯшаи хотир намеовардам, ки ӯ шавҳари ман мешавад, вале тақдир кори худашро дорад…

                               Бахти сағира

Тағои калонии Бахтиёр ба хонаамон хостгорӣ омаду бародарону модарам бо хурсандӣ розигӣ доданд, зеро ин оилаи сернуфуз ва Бахтиёри корчалонро хуб медонистанд. Ман ҳам шод будам, ки Бахтиёри хушқомату нозанин ва серпул маро барои худаш арӯс хостааст, аммо сирамро ба пироҳанам намегуфтам.

Бахтиёр шаш тағо дошт ва ҳамаи онҳо ҷудо шуда рафта будаанду ӯ дар ҳавлии бобоияш бо тағои калонаш ва аҳли оилаи ӯ мезист. Тағои калонии Бахтиёр чор духтар дошту писар не, аз ин рӯ, писари хоҳарашро барои худ писар хонда буд. Насимхоҷаву Гулнамо барои ман ҷиҳози зебое оварданд, тӯямон ҳам хеле бошукӯҳ бапо гашт, дар он ҳунармандону ҳаҷвнигорони шуҳратёри диёр ҳунарнамоӣ карданд. То дер таърифи тӯйи мо дар забони мардум буд. Зиндагии мо хеле ширин оғоз ёфт, Бахтиёр маро дӯст медошту эрка мекард ва ман медидам, ки ин ҳама ба янгааш намефорад. Хушдоманам ҳарчанд инро пинҳон кунад ҳам, ман медидам ва ҳис мекардам. Шавҳарамро, ки дӯст медоштам, ин ҳамаро нодида мегирифтам, дар хонаву дари боҳашаммати онҳо вақти холигии фикр кардану зиқ шудан ҳам намеёфтам, меҳрубониҳои шавҳарам бошад, диламро мисли боғ мешукуфонд.

Давом дорад

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД