arzon replenishment
Хонаамро сӯхтӣ, оча! Қисми 2
30.05.2022
ОИЛА
2103

                                 Самари зиндагӣ

Пас аз ду моҳи хонадориямон дар қадам фарзанд зад, ин хабар ҳама аҳли оиларо шод кард. Хоҳарони шавҳарам барои кӯдаки нозодаам ном мекофтанду ҳамагӣ бовар доштанд, ки ман барои онҳо додарак таваллуд мекунам. Бахтиёр ҳам бо навозиш ба шиками дамидаам даст бурда, ин ҷо бачаҷони ман аст, гӯён шухӣ мекард. Муносибати хушдоманам ба ман ҳамоно сард буд, ӯ маро ҷанг намекард, талху пичинг намегуфт, азоб намедод, вале як ҳарфи хушро низ дареғ медошт. Шавҳарам ҳафтаҳо пайи тиҷораташ ба хориҷа мерафту хушдоманам бо нақли ҳар гуна ҳодисаҳо мефаҳмонд, ки мардони тоҷир бо як зан қонеъ намешаванд. Хусурам тиҷорати худро дошту ба зиндагии оилавӣ аҳмият намедод, ӯ инони корҳои хонадориро ба дасти занаш супорида буд, ба ӯ сахт бовар мекард. Баъзан дилам ғаш мекард, зиқ мешудам, гумон мекадам, ки шояд шавҳарам ғайри ман зани дигар дошта бошад? Ин андешаҳои рашколуд чун гурбаҳои хашмин ба дилам чангол мезаданд ва онро хуншор мекард. Аммо баробари аз дар даромадани Бахтиёр онҳо маро тарк мекарданд, зеро ӯ бо лаби пурханда ва тӯҳфаҳои зиёд меомаду дар ду-се рӯз аз ман серӣ надошт. Боре ба вай гӯшона задам, ки тоҷирон албатта зани дуюм мегиранд ва ӯ хеле ҷиддӣ гуфт:

-Ман аз он мардҳо нестам!Ва маро ба ҳар кас баробар ҳам накун! Бахтиёр ҳам зиёд мехост тифли батнам писар бошад, аммо ман мегуфтам, ки ҳар чӣ Худо диҳад, шукр мекунам. Лаҳзаи ширинтарини умри ман фаро расиду ман модар шудам, духтарчаи нозанине ба дунё овардам. Бахтиёр дар хориҷа буд, маро аз таваллудхона бародаронам бароварданд. Хушдоманам як бор омаду хайр духтар будааст гӯён, ҳатто маро табрик накард. Инро модаре мегуфт, ки пайи ҳам чор духтар таваллуд карда, писар надошт. Бахтиёр ҳам занг зада, табрикам накард ва аҳли хонадонам сахт хафа шуданд, модарам аз ин рафтори хусуру хушдоманам ба ғазаб омада, пайваста такрор мекард:

-Духтари ман даҳ духтар таваллуд накардааст ку, наход ҳамин қадар ноодам бошед а?!

                                 Қаҳри хонасӯз

Се рӯз дар таваллуд хона будаму ҳабдаҳ рӯз дар хона, аммо касе аз пайвандони шавҳарам ба хабаргириям намеомад, Бахтиёр ҳам занг назад. Аз фикру андешаи зиёд ширам гурехт, ба кӯдак шири сунъӣ медодем. Бечора духтаракам шикамаш сахт шуда, бемор мешуд, ғаш мекард, ман ҳам баробараш мегиристам, ба беқадрии худ ва беэътиноии пайвандони шавҳарам. Нигорам бистрӯза шуду ҷиянҳоям хабар оварданд, ки Бахтиёр баргаштааст. Ҳамон бегоҳ хусуру хушдоманам дар мошини Бахтиёр тӯшаю табақи бисёре бардошта, ба хонаамон омаданд, аз шунидани сигнали шиноси мошин дилам дар сина чун кафтарак ба бозӣ даромад, вале…

Модарам Бахтиёрро бо янаву тағояш ба хона роҳ надод, ҷанҷол сар шуд ва ду бародарам, ки он ҷо ҳузур доштанд, гапгардонии Бахтиёрро ба модарам таҳаммул накарда, ӯро зери мушту лагат гирифтанд ва ҳаёти ман низ зери пойи онҳо поймол гашт. Бахтиёр духтарашро надида, талоқи маро доду баромада рафт. Аҳволамро худам медонаму Худои болои сарам, ба мисли буттаи дар оташ афтида месӯхтам барои бахтам. Пас аз шаш моҳи ин воқеа шунидам, ки Бахтиёр зан мегирад, ба кӯча баромада нигарон истодаму бо дидани мошинаш худро рӯйи роҳаш партофтам, гириста зорӣ кардам, ки майлаш зан ҳам гиру маро напарто, аммо ӯ бо ғзаб гуфт:

-Акаҳои ту маро сағираи бесоҳиб дида, зери мушту лагад гирифтанд?! Ман ба ӯ гуфтам, ки янгаат аз аввал маро бад медид, аммо ӯ фарёд зад, ки ба янгаи ман корат набошад!

Шавҳарам пеши чашмам арӯс фаровард, намурдам, чор бор хабари фарзанддор шудани ӯро шунидам, намурдам, ӯро бо зани наваш дар тӯю маъракаҳо дидам, намурдам… Бале, то рӯзам буд нашавад намемирам, Бахтиёр Нигорро баробари фарзандонаш нигоҳубин мекунад, муносибати занаш низ бо духтарамон хуб аст, аммо ман дигар шавҳар карда натавонистам. Зеро касеро чун шавҳарам дӯст надоштам, имрӯз дар ҳавлии падарӣ ҳамроҳи модари пирам зиндагӣ мекунам. Бародаронам дӯкончае кушодаанд, он ҷо савдо карда рӯзамро меёбам, аммо дигар бахт наёфтам.

Бахти маро ғурури модарам сӯхт, имрӯз ӯ низ пушаймон аст, аммо мушти баъд аз ҷанг омадаро ба сари худ мезанем, зеро илоҷ надорем…

 Гулнор, 

 Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД