Commerce bank may-june 2026
Хонандагони синфи 1 аз 17-уми август ба мактаб мераванд
55

Хонандагони синфи 1 имсол аз 17-уми август ба мактаб рафта, то санаи 28-уми август давраи мутобиқшавиро мегузаранд. Дарсҳои мутобиқшавӣ барои синфҳои 1 ҳатмӣ буда, ҳам дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ҳам хусусӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора фармони вазири маориф ва илми кишвар ба имзо расидаааст.

Дар ин давра бо кӯдакон машғулиятҳои махсус барои мутобиқшавӣ гузаронида шуда, омӯзгорон бо шогирдони хурдакаки худ суҳбат мекунанд ва бо усули бозиҳои шавқовар онҳоро ба реҷаи мактаб ошно месозанд.

Сардорони раёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо уҳдадор гаштаанд, ки барои мутобиқшавии кӯдакон дар мактабҳо шароит фароҳам оранд.

Қабули кӯдакон ба синфи 1 ройгон буда, имсол дар маҷмуъ дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон бори аввал ба мактаб мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД