Китоби тозанашри хотироти Гугуш, яке аз пуровозатарин овозхонҳои форсизабон, бо номи “Садои гуноҳолуд” (Sinful Voice) бо забони англисӣ дастрас шуд. Нашри форсии китоб дар назар аст ҳафтаи оянда аз чоп барояд.
Дар ин китоб Гугуш қиссаи зиндагии худ ва ҳаводиси Эронро аз давраи шуҳрат то рӯзҳое, ки инқилоби Исломӣ зиндагии ӯро дигаргун кард, нақл мекунад.
“Амазон” асарро “ёддоштҳои пурэҳсос ва шоиронаи абарситораи поп” меномад, ки дар бораи сарнавишти худ ва кишвари дар ҳоли тағйир сухан мегӯяд.