Маҳсулоти лозима:
1 ананас, 1-2 банан, 1 афлесун, 1-2 киви, 1 себ, чормағз,
хокаи шакар ё йогурт.
Тарзи таҳия:
Ананасро аз байнаш ба ду қисм ҷудо кунед. Дилаашро бурида гиреду чоркунҷа реза кунед. Банану кивиро чоркунҷа реза карда, афлесунро низ аз пӯсту пардааш тоза ва реза кунед. Себро низ чоркунҷа реза намуда, меваҳоро бо чормағзи реза, хокаи шакар ё йогурт омехта карда ба даруни нимаи ананас андозед.