Маҳсулоти лозима:
400 грамм ҷигари мурғ, 1 дона пиёз, 1 дона сабзӣ, 2–3 дона бодиринги турш, 2–3 дона тухми пухта, 100–200 грамм панир, 100 грамм майонез, намак мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Ҷигари мурғро дар оби каме намакдор тақрибан 10 дақиқа ҷӯшонида, хунук кунед ва аз тарошак гузаронед. Пиёз ва сабзиро майда карда, дар равған бирён намоед. Бодиринги турш, тухм ва панирро низ аз тарошак гузаронед. Сипас маҳсулотро қабат ба қабат гузоред: аввал ҷигар, баъд сабзию пиёз, баъдан бодиринг, тухм ва дар охир панир. Байни ҳар қабат майонез молед. Хӯришро чанд соат дар яхдон гузоред, то хуб мазза гирад