Arzon march 2024
Хӯроки шоҳонаи туркменҳо дар Душанбе
508

"Бекрибала" таоми маъруфи туркменҳост. Ин ба ғизоҳои шоҳона ворид мешавад. Қаблан он барои шоҳон омода карда мешуд ва ҳоло яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи Президенти кишвар аст.

Ин нуқтаро Атаман Владимр, намояндаи Ҷумҳурии Туркманистон, ки дар Фестивали хӯрокҳои милии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ширкат дошт, дар суҳбат ба хабарнигори сомонаи Oila.tj қайд кард.

photo_2023-09-15_16-32-40

Дар доираи баргузории Вохӯрии панҷуми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал, иди тарбузу харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали “Оши палав”, ки дар боғи “Дӯстии халқҳо” баргузор шуд, кишвари Туркманистон ҳамчун иштирокчӣ анъанаҳои миллии қадимаи худро пешниҳоди мардуми тоҷик ва меҳмонони ин чорабинӣ намуданд.

Ҷумҳури Туркманистон зиёда аз 30 номгӯи хӯрокҳои миллии қадимаи шоҳона ва машҳурашонро пешниҳоди иштирокчиён ва мардуми тоҷик намуданд.

photo_2023-09-15_17-05-11

"Ҳар чизе, ки ҳоло дар рӯи миз мебинед, махсусан аз Туркманистон барои меҳмонон ва иштирокчиёни ин фестивал оварда шудааст, то ки  ба таомҳои қадимаю миллии мо шинос шуда, тамъи онҳоро бичашанд. Мо дар ин намоишнома беш аз 30 намуд анвои хӯрокаи туркманиро, ки аз ширинӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва нонӣ иборат аст, ҳамчунин, дастовез овардаем. Таркиби шириниҳои мо аз маҳсулотҳои начандон арзишманд омода мешавад, бо сарфаи ками маҳсулот метавонед ширинии болаззат бипазед. Дар шириние, ки омода кардем, рамзҳои давлатӣ, либоси машҳури милли туркманҳо инъикос ёфтааст", - қайд кард ҳамсуҳбати мо.

Атаман баъзе хӯрокҳояшонро барои мардуми тоҷик муаррифӣ намуда, то андозе маҳсулоти лозимии истифодашавандаро шарҳ дод.

photo_2023-09-15_16-32-47

"Ин муҷассама-ғизое, ки барои мардуми тоҷик омода кардаем, дар кишвари мо онро баррача мегӯяд, ки дар ҳолати нишаста буданаш пухта мешавад", - гуфт ӯ.

photo_2023-09-14_17-02-10
"Чевиш аз зумраи хӯрокҳои дигари мо аст, ки гӯшти барра дар зери қуми даштӣ пухта мешавад. Барои он ки шумо тамъи аслии онро фаҳмед, чунин қумро аз Туркманистон бо худ овардем", - гуфт Атаман.

 

Ярма, аз ғизоҳои дигари мардуми туркман аст, ки хӯроки якум маҳсуб меёбад. Он аз пиёз, сабзӣ ва биринҷи зирбондашуда омода мешавад.

photo_2023-09-15_17-33-14

Дар маҷмӯъ ошхонаи туркманҳо ҳамчун як ошхонаҳои серғизо шинохта шудааст. Яке аз ғизоҳои қадимаи онҳо меъдаи пуркардашуда мебошад, ки таърихи тӯлонӣ дорад.

photo_2023-09-15_17-12-47

Бахши наҳор аз ғизоҳои дӯстдоштанӣ ва машҳури мардуми туркман иборат буда, аз гӯшт ва сабзии зирбондашуда иборат аст.

photo_2023-09-15_17-12-54

Ҳамчунин, ҷаззак, гоурдак ва дограма аз ҷумлаи хӯрокҳои қадима ва машҳур мебошанд.

photo_2023-09-14_17-02-10
Лозим ба ёдоварист, ки 14-уми сетябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо” Фестивали “Оши палов” баргузор гашт, ки дар он ошпазҳои сатҳи кишвар ва Осиёи Миёна ҷамъ омада, қувваозмоӣ карданд, ки дар охир ба беҳтарин оши палави шаҳру навоҳии кишвар туҳфаҳо тақдим карда шуд.

photo_2023-09-14_17-02-05

photo_2023-09-15_17-05-14

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД