arzon replenishment
Хуҷастаи Мирзовалӣ: Орзуи бузургам модар шудан аст
1292

Хуҷастаи Мирзовалӣ яке аз тобноктарин ситораҳои санъати эстрадаи тоҷик, ҳунарманди Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Хуҷаста мухлисони сершумори худро дорад ва бисёриҳо дар бораи зиндагии ин фариштаи саҳна донистан мехоҳанд. Чанд муддат қабл доир ба зиндагӣ ва кору фаъолият ин бонуи ҳунар бо мухлисон саволу ҷавоб намуда, ба саволҳои муҳими мухлисонаш посух гуфт.

Ин сарояндаи хушовоз дар мавриди аз ҳама орзуи бузурге, ки то ҳол амалӣ нашудааст, чунин посух гуфт: ”Худоро шукр, орзуҳоям ҳамааш дона-дона амалӣ шуда истодаанд. Орзуи бузургам модар шудан аст”.

Ҳамзамон дар мавриди он, ки агар санъаткор намешудед, чӣ касбро интихоб мекардед, чунин қайд намуд: ”Шояд дар боғчаи кӯдакон кор мекардам. Чун кӯдаконро зиёд дӯст медорам”.

Ёдовар мешавем, ки Хуҷастаи Мирзовалӣ 18-уми январи соли 1993 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД