Arzon march 2024
Худкушии падар пас аз таҷовузи духтар
10882

 

“Духтарам Ситораҷон хез, охир айб шуд, бин офтоб кайҳо баромадаасту ту ҳоло хоб ҳастӣ! Ту моро шарманда карданиӣ?! Як бор ба худат назар кун, ту дигар кӯдаки роҳдавак нестӣ, арӯси тайёр шуда мондаӣ?! Ҳамсолони ту дар фикри пушидани пероҳани арӯсиянду ту бошӣ ба хоби ноз рафтаӣ?! Чунин рафторатро дар хонаи шавҳарат такрор кунӣ, туро як рӯз нашуда аз дарашон меронанду ба ҳафт пушти падарат лаънат мехонанд.


Зебоям, хушрӯям, мислам дар дунё нест гуфта нашин, домод хушрӯгии туро рӯи датархон намебарорад. Хез гуфтам, ту намефаҳмӣ?! Ҳавливу ҳарам нарӯфта, хӯроки субҳгоҳӣ омода нест. Ду рӯз пас дарамон хостгоронборон шавад, ба онҳо чӣ мегӯем? Духтарамон ноқобилу ноӯҳдабаро ва хоболуди тайёр аст, гуфта хостгоронро гурезонем?! Онҳо донанд, ки духтари фариштахисоли мо соати 10-и рӯз аз хоб мехезад, пояфзолашонро дар дасташон гирифта, чунон фирор мекунанд,ки на паяшон мемонад на ҳайдарашон. Хез, ки ҳеҷ кас талабгорат намешавад, духтари беақл”-мегуфт модар бо хитоби ҷиддию меҳру муҳаббати модарӣ.

Ситора ду дастонашро ба ҳаво бурда, бо даҳони воз гуфт: “Модарҷони ман, шумо барин инсони ҳунарманд дар барам бошад, ман асло ғам намехӯрам. Хобамро парондед, нагузоштед, ки идоми хобамро бубинам.Ҳамаи нозу нузи ман дар хонаи падарам аст. Монед як-ду рӯзи дигар баҳузур хоб равам. Дар хонаи шавҳарам бароҳат хоб рафтанро дар шаби хобам мебинам”-бо чунин суханҳо бинияшро инҷ карда ҳарф мезад, Ситора.
Модар дид, ки духтараш авзояш беҷо аст, тозон ба пеши ӯ омада, аз рухсорааш як бӯса карда гуфт: “Ман ба бозор меравам, ту хубакак хонаро нигоҳубин карда, нагузор, ки падарат гурусна монад”!

Модари Ситора, дар бозор дӯкони майда-чӯйдафурушӣ дошт. Падараш аз Бишкеки Қирғизистон бор меоварду модараш онҳоро ба мизоҷон мефурӯхт. Аҷаб зиндагии шаҳду шакарона доштанд, волидайни Ситора. Бо мумури вақт волидайнаш Ситораро бо орзуҳои зиёд дар шаҳри Уш дар Донишгоҳи Тиббӣ дохил намуданд. Ситора бо дипломӣ олӣ ба ватан баргашт ва хост корро дар амбулаторияи деҳа оғоз намояд, аммо бо сабаби зиёд будани хостгоронаш падару модараш кор кардани духтарашонро муваққатӣ гузошта, аз пайи интихоби хостгорон шуданд.
Он субҳ ҳаво хеле сиёҳу дилгиркунанда буд. Модар нахост, ки аз пеши духтару шаҳвараш дур равад. Ҳар лаҳза дилашро гургон талла мекарданду модар ноҳинҷорона ҷузвдонашро гирифта сӯи бозор равона гашт.


ХӮҶАНД: ЧАРО ДУХТАРИ МУАЛЛИМА ХУДРО БА ДОР ОВЕХТ?


Ситора мӯйҳои дарозашро пушти сараш партофта, зери лаб суруди зебоеро замзамакунон ҷоруб дар даст хона мерӯфт. Зулайхо ҳамсинфаш субҳи содиқ занг зада, хабар дод, ки бо гурӯҳи ҳамсинфон ба дидорат меоем. Ситора аз ин хабар шод гашта, дастархони шоҳона ороста, ба орою торо додани худ машғул шуд. Пероҳани мафтункунандаашро ба бар намуда, ҳар лаҳза худро дар пеши оина ба орову торо додан мегирифт.
Падари Ситора ҳусну ҷамоли духтарашро дида, лабони парчинбастаашро мисли гурбаҳои ошолуд мелесид. Ӯ боварӣ надошт, ки духтараш то ин дараҷа фариштабарин ҳусни малакутӣ дорад.
Ҳамсинфони Ситора ба дидорбинии ӯ омада, як-як ба ҳусну ҷамоли ӯ ҳасад мебурданду бачаҳо мафтуни зебоии ӯ мегаштанд. Ҳар кадоме аз ҷавонон кӯшиш мекарданд бо суханҳои дилнишин ва тавсифи ҳамаҷиҳата дили Ситораро ба даст биёранд. Ёраҳмад ҳамсинфи дигари Ситора , ки аз аввал нисбати Ситора дилкашолӣ дошт, дар назди ҳамсинфон худро дошта натавониста, ошкоро изҳори муҳаббат намуд ва ҳатто пешниҳоди хонадоршавӣ кард.
Ситора бо шунидани ин суханҳо рухсораҳояш сурх гаштанд ва бо сари хам гуфт: “Падару модарамро розӣ карда тавонӣ, ман зид нестам”! Он рӯз онҳо аз ину он суҳбат карда, хуб хандиданду хурсандӣ карданд. Ҳатто нафаҳмида монданд, ки ду соат чӣ гуна сипарӣ гашт. Дилором ба гап ҳамроҳ шуда бачаҳоро барои дастархонро омин намуданд, маҷбур кард. Ситора меҳмононашро гусел намуда, ба ҷамъ кардани дастархон пардохт. Духтар нафаҳмида монд, ки чӣ гуна падараш бо лабханд вориди хона гаштааст. Ӯ аз духтараш хоҳиш кард, ки аз ҳуҷрааш куртаи дарзмолкардаашро биёрад. Баробари ба ҳуҷра даромадан падараш низ маккорона аз пасаш ворид гашт ва оҳиста дарро қулф кард. Ситора аз ин найранги падар бехабар шимҳои дарзмолкардаи падарашро гирифта, хост ба берун барояд ва сояи падарашро дар рӯ ба рӯяш дида, ҳангу мангаш канд. Ӯ ҳатто пай набурд, ки шайтон аллакай ба пӯсти падараш даромада, ақли ӯро беҷо кардааст.
Атоқул дарҳол духтарашро ба оғӯш кашида, бехи гӯшаш пичирос карда гуфт: “Ту духтари манӣ. Ба дӯстдорӣ намудани ҳамсинфонат рашк бурдам. Ҳамаашро бо ду гӯшам шунидам. Ту беҳад хушсимоӣ. Намехоҳам зебогият насиби дигарон шавад. Ту аз они ман мешавӣ...”
Падари шайтонсирати ақлгумкарда даҳони духтарашро бо дастони девмонанди худ сахт дошта, ба гиряву зорӣ ва таваллои духтараш нигоҳ накарда, ҷисми сангинашро ба болои ӯ партофт ва оҳиста тасмаи шимашро кушод. Ситора аз ваҷоҳати тарсу ҳарос дар худ гунг шуда буд. Ҳарчанд аз ин рафтори падараш ба хашм омада бошад, ҳам вале бо дастони нозукаки худ наметавонист, ин қувваи девмонандро аз худ дур созад. Гиряву нола, оҳу фиғон кашида бошад ҳам вале падари разил лисбосҳои ӯро мисли даранда дар танаш пора- пора карда, ба беҳтарин ганҷи қиматбаҳояш дастдарозӣ намуд.


МОДАР МАРО ФУРУХТӢ, ЧАРО? (ВИДЕО)


Ситора вақте ба ҳуш омад, аллакай кор аз кор гузашта буд. Ӯ мадори аз ҷой хестану роҳ гаштанро надошт. Бо чашмони ҳаросон ва дар нафрат ғӯтида худро ба кунҷи девор кашида, ҳазорон бор ба худ нафрин мехонд.
Атоқул баъди ин кор ақлаш ба сараш зад, хашмгин шуд, худро ба дару девор зада, барои кирдори пасти ноодамияш лаънат мехонд. Ӯ домони духтарашро дар хун тар дида, ба даҳшат афтод ва зуд шимашро пӯшида як ба духтараш нигариста: “Ситора мани бадбахтро бубахш!”- гӯён тозон сӯйи анборхона давид. Расанро аз сари мех гирифта, дар он ҷо чӣ кард, чӣ шуд, ба ҷуз худ касе намедид.
Холаи Ойпарӣ шомгоҳӣ бе ҳолу бемадор ба ҳавлӣ даромада бо садои хастаҳолона фарёд зад: “Ситораҷон, дав борхалтаҳоро ба ошхона бар, гӯшту пиёз харидем, ту хурдани мантуро дӯст медорӣ -ку”! Ҳамаҷо хомӯшӣ, ҳатто паша пар намезад. Дили модар, ки аз субҳ сиёҳӣ зер карда буд, аз ин хомушӣ якбора сиёҳтар гашт. Давон ба хона даромаду духтарашро дар ҳуҷраи худ бо либосҳои хунолуд ва ҳолати садамавӣ дарёфта, гӯшҳояшро бо дастонаш дошта гуфт: “ Ин корро бо ту кӣ кард? Хап наист, ба ту чӣ шуд, гап зан”-амр кард модар ба Ситора, аммо духтар дар худ фурӯъ рафта, ба гӯшаш ягон гап намедаромад.
“Вой хонаам сӯхт”- гӯён ба берун шитофт, то фаҳмад, ки шавҳараш дар куҷост. Тамоми гӯшаву канори ҳавлиро ҷустуҷӯ намуда бошад ҳам вале шавҳарашро намедид. Чашмаш ба дари анборхона афтод, ки он нимроғ кушода аст. Чӣ қувваи ноаёне Ойпариро ба он дар наздик бурд. Баробари дидани ҷасади дар расан овезони шавҳараш гӯшҳояш қулф заданд ва як фарёди ҷонкоҳе кашиду мисли дарахт ба замин чапагардон шуд.
Ҳамсояҳо тозон ба ҳавлии акои Атоқул даромада, зуд бандро аз мех бурида, ҷисми кайҳо ҷон ба ҷонофаринсупурдаи ҳамсояро берун бароварданд. Духтурони маҳалла тозон ба ҳавлии эшон омада, модару духтарро ба беморхона бурданд.
Ойпарӣ дар ҷанозаи шавҳараш гиря накард. Мисле, ки душмани ҷонаш мурда бошад, ҳатто катори дигар занҳо рӯймоли сафед ба сар набаст. Духтарашро муддати зиёд дар беморхона парасторӣ намуда, як лаҳза аз пеши фарзандаш дур нарафт. Модар бо ваъдаҳои зиёд дили духтарашро ба зиндагӣ гарм намуда ваъда дод, ки ояндаи дурахшон ӯро интизор аст. Пас аз ин ҳодисаи талх модару духтар тобу тоқати гапи мардуми маҳалларо накарда, ба Қирғиситон ба ватани бобогии худ баргаштанд.

P.S: Ин ҳодиса бофтаву тахайюли муаллиф набуда, дар яке аз маҳалҳои қирғизнишини Тоҷикистон ба амал омадааст. Ба хотири эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ ҷойи зист ва насаби қаҳрамононро махфӣ нигоҳ доштем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД