sebiston july new
ХУДРО БА ТУ БАХШИДАМ, ФАРҲОД! 
5590

 

   Фарҳод мошинро бо суръати миёна дар роҳи бе мошин меронд. Дар равшании чароғҳои роҳ чашмаш ба духтаре афтид, ки аз канори роҳ бошитоб мегузашт. Садои тормози мошин духтарро ба ҳуш овард ва ба ақиб нигарист.

Сари чанбар ҷавоне менишаст, ки тирезаро поин намуда, ӯро ба нишастан даъват менамуд. Симои духтар дар изтироб буд, дилаш намехост ба мошини шахси бегона нишинад. Ҷавон аз мошин фаромада, дари ақибро кушоду “натарсед, шинед, то ҷои даркорӣ мебарам, дар ин торикӣ куҷо меравед”,- гуфт. Духтар баъди каме таваққуф ба салон нишаст ва мошин ба роҳ даромад. Ҷавон бо мақсади шинос шудан гуфт:

-Ман Фарҳод ном дорам, номи шумо чист?

Духтар ба оинаи пеш нигариста, симои ҷавонро дар торикии нимаравшан дид, ки хеле ором метофт, чашмонаш моили ханда. Аз ин дилаш пур шуд ва оҳиста исми худро ба забон овард:

-Ширин.

-Оҳо, Фарҳоду Ширин дар як мошин, дар як ҷой,-лутф кард Фарҳод,- Фарҳоду Ширини афсонавӣ ба мақсад нарасида буданд, шояд қисмати мо дигаргуна бошанд.

Ширин ба ин лутф ҷавоб надоду танҳо табассуми латиф гирди лабонаш нақш гузошт. Фарҳод мошинро дар нишоние, ки Ширин гуфта буд, нигоҳ дошт. Ҳангоми хайрухуш бо ҳам маслиҳат карданд, ки пасфардо дар гирди фаввора вомехӯранд. Вохӯриҳои Фарҳоду Ширин ҳар маротиба ширинтару фараҳбахш мегардид. Ин вохӯриҳо бештар дар хонаи якҳуҷрагии Фарҳод воқеъ мегардид. Ва рӯзе Ширин ба Фарҳод шармида, изҳор намуд, ки дар батнаш кӯдак дорад. Рангӯ рӯи Фарҳод бадал гардида бошад ҳам, худро бой надоду чизе ҳам нагуфт. Дигар ба вохӯрии Ширинаш намеомад. Ширин дарк намуд, ки Фарҳод аз чунин ранг гирифтани ҳавасбозиҳояш умед надоштааст. Умедашро аз вохӯриҳо, орзуҳои доштааш канду ба ошиқаш Фарҳоди ҳавасбоз номаи пур аз сӯзу гудоз навишт ва онро оварда, аз таги дар ба хонаи якҳуҷрагӣ, ҷойи мулоқотҳо, ҷойи ширингуфториҳои ҳардуяшон гузошт. Фарҳод пас аз кори рӯзона бо дили пур аз ғаш ба хонааш баргашт ва баъди кушодани дар лифофаеро аз рӯи фарш бардошт. Лифофаро кушода, аз дарунаш мактуберо дарёфт ва ба хондан шурӯъ намуд, ки Ширин чунин менавишт: “ Орзую омоли ман, такягоҳи ман, қувватам, ишқам, хушбахтию ҳаёти ман. Метарсам, ки рӯятро нодида, бо дунёи фонӣ падруд мегӯям. Ин барои ман аз ҳар гуна марг бадтар аст. Чӣ хеле ки набошӣ, дар кадом ҳолате бошӣ, ту барои ман қуллаи дастнорасу фатҳнашудаӣ. Ба ту ва суханҳоят чун ба гуфтаҳои Худо бовар намудам, худро ба ту бахшидам. Аз рӯзе, ки бо ту вохӯрдам, тамоми сухану гуфторат дар хотирам нақш бастааст. Ваъдаҳоят, суханҳои муболиғаомезат. Эҳтимол ҳис накардаӣ, ки ҳар суханат бароям чӣ қадри зиёде доштанд. Аз рӯзи аввал ба тую суханҳоят бовар намудам ва то имрӯзу минбаъд ба онҳо содиқ мемонам. Ва ҳоло ҳис намудам, вохӯриҳову ваъдаҳоят бозичаи ҳаррӯзаи дастат будааст, ки инро барои ҳаваси лаҳзаинаатро шикастан истифода мебарӣ. Вале ҳавасат ин дафъа бароят беҳад қиммату гарон афтод. Ту инро намехостӣ. Ҳоло барои ҳар қадами носанҷидаат тарсуӣ, ки чӣ ҷавоб медода бошӣ.

         Шояд ба хотири он ба назди ман меоӣ, ки гӯё ба ҳоли ман раҳмат меомада бошад. Ҳис мекунам ва мефаҳмам, ки маро сидқан дӯст намедорӣ. Туро бовар мекунонам, ки қадратро пос медорам, йигити сараам, баҳодури ягонаам. Фақат илтимоси охиринамро ба гӯш гиру онро иҷро намо. Ба шарте бо амри тасодуф ба ман ҳодисае рӯй диҳад, фарзанди маро ба кӯдакистон супор ва номи хостаамро ба ӯ гузор. Ба падарам қиссаи мағшуши худро гуфтаам, бе саришта нашав Фарҳод, ба ту газанде намерасад.

         Аз марг наметарсам, аз он метарсам, ки ваъдаҳои бе сару нӯги туро гӯш намуда, байни дӯсту душман хандахариш шудам. Бо вуҷуди ин, ман аз ту гила надорам ва ту аз ман озурда мабош.

Хайр, осуда бош, ҷавонмарди ҷаҳондида, Фарҳоди соҳиби Ширин”.

         Баъди хондани мактуб Фарҳод ларзид, ҳиссиёти гарму гуворое баданашро фаро гирифт. Дар кадом ҳуҷайраи мағзи сараш дурахше падид шуд ва андешааш домони онро гирифт, ки ӯ соҳиби фарзанд мешавад. Ширинашро ба хотир овард ва ба ҷустуҷӯяш баромад. Ба шаҳри калон баромаду таваллудхонаҳоро кофт ва Ширинашро ёфт. Фарҳод Ширинашро ҳамроҳи фарзанди маъсуми бегуноҳаш аз таваллудхона гирифт ва болу пар бароварда, сӯи ҳуҷрааш мошин ронд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД