arzon replenishment
ХУНИ ЗАНИ СОБИҚАМРО НАМАКИДААМ!
6689

Найрангҳои шавҳари семоҳа

...Мазҳакаи дигар дар суди ноҳияи Файзобод шуд. Судя ба ҷои он ки ҳаққи маро аз шавҳарам рӯёнад, табассумкунон таҳқирҳое, ки Суҳроб дар рафти мурофиа нисбат ба ман мекард, гӯш мекарду халос. Осмон баланд буду замин сахт. Вақте ки ба раиси суду прокурор ин гапҳоро мегуфтам, онҳо танҳо механдиданду халос. Маълум, ки бо кадом сабабе ягон кас шавҳарамро гунаҳгор карданӣ набуд...

Дарди дили Басгул Баротова, сокини ноҳияи Файзободро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” мутолиа кунед!

Хуни зани собиқамро намакидаам!

...Ба ғайр аз ин, собиқ ҳамсарам Абророва Р. ба як қатор мақомотҳо ва ҷои корам аризаҳои туҳматбор навишта, обрӯ ва эътибори кории маро паст зад, ки дар натиҷа ба бемориҳои диабет, фишорбаландӣ, асаб ва дигар бемориҳо гирифтор шудам. Ҳатто ҳамсари кунуниам Исмаилова Г.-ро таҳқиру туҳмат кард, ки боиси парокандашавии оилаи мо гардид...

Раддия ба мақолаи “Собиқ шавҳарам хунамро мемакад”-ро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷустуҷӯ кунед!

Мансур Ҷаъфарӣ: Аз аҳли хиёнат нестам!

...Мансур аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи зиёд дошт ва дар Амрико ба сифати ҳунарманди ҳаваскор дар шабнишиниҳо баромад мекард. Ӯ дар назди худ қарор гузошт, ки баъди хатми мактаби миёна ҳатман сарояндаи касбӣ мешавад, аммо барои расидан ба ин ҳадаф ӯро лозим буд, ки зиёдтар талош кунад. Ба ҳамин хотир, Мансур сараввал мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиро боз кард, то барои таҳияи албоми нахустинаш маблағ ҷамъ кунад...

Ин ва дигар хабарҳои тозаи шоу-бизнеси дохилу хориҷро аз саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила” мутоли намоед!

Қории Қуръонро 16 корд заданд

...Шералӣ, ки қории Қуръон буд, садои доду фиғонро шунида, аз ҳуҷрааш мебарояд ва он чаҳор марди чеченро насиҳат мекунад, ки ба сари занҳои бечора ин қадар ситеза накунанд, чунки чунин рафтор кардан хилофи ислом буда, ба мардуми мусалмон аслан намезебад. Чеченҳо аз панду насиҳатхонии қории Қуръон ба ғазаб омада, чоркаса ин муҳоҷири тоҷикро бо шатта зада меафтонанд ва бераҳмона сару рӯяшро кордборон мекунанд...

Шарҳи муфассали 16 корд хӯрдани марди тоҷикро дар Маскав аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ кунед!

Матлуба Раҳимова оиладор шуд: шавҳари ӯ кист?

...-Маросимҳои баъди тӯй хотима ёбанд, ҳамроҳи домод ба Душанбе бармегардем ва зиндагиамонро дар ҳамон хонае, ки Пешвои миллат бароям ҳадя карда буданд, идома хоҳем дод. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тариқи ҳафтаномаи “Оила” миннатдории худамро ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ғамхорамон мерасонам...

Матлуба Раҳимова, овозхони нобино ва 33-солаи тоҷик бо ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ кард. Суҳбати кӯтоҳи ҳабарнигори моро бо овозхон аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД