Хушхабар: Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт
01.04.2026
Oila.tj
85

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт.

Дар бозии ниҳоии даври интихобӣ, ки 31-уми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, Тоҷикистон бо тими Филиппин бо ҳисоби 1:1 мусовӣ кард. Голи ягонаи дастаи кишварро Шериддин Бобоев ба самар расонд.

Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо Филиппин, Тимори Шарқӣ ва Молдив рақобат намуда, пас аз 6 бозӣ бо 14 имтиёз зинаи аввалро ишғол кард. Ҳарчанд Филиппин низ ҳамин миқдор имтиёз дошт, аммо бо сабаби таносуби беҳтари тӯбҳо тими Тоҷикистон пешсаф дониста шуд.

Ҷоми Осиё-2027 аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Дар марҳилаи интихобӣ 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим шуда буданд ва танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар маҷмуъ, дар мусобиқаи ниҳоӣ 24 даста иштирок мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД