goodwell
Хушунати шаҳвонӣ: Чаро сахттар кардани ҷазо муҳим аст?
25.07.2026
Oila.tj
66

Дар Тоҷикистон нигаронӣ аз афзоиши мавридҳои хушунати шаҳвонӣ бештар шудааст. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба зиёд шудани чунин ҷиноятҳо пешниҳод кардааст, ки барои содиркунандагони хушунати ҷинсӣ ҷазо сахттар карда шуда, ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо ворид гарданд.

Ин масъала дар нишасти матбуотии Кумита 15 июл матраҳ гардид. Масъулон гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳафт мавриди хушунати ҷинсӣ исбот шуда, нисбат ба гумонбарон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Аммо онҳо таъкид карданд, ки шумораи воқеии чунин ҳодисаҳо метавонад хеле бештар бошад, зеро бисёре аз занону духтарон бо сабаби шарм, тарс ва фишори ҷомеа ҷуръати муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқро надоранд.

Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила, аксар муроҷиаткунандагон барои ҳифзи сирри шахсӣ ба утоқҳои кории Кумита меоянд ва хоҳиш мекунанд, ки маълумоти онҳо махфӣ нигоҳ дошта шавад.

«Мо бо мақомоти прокуратура ва суд ҳамкорӣ мекунем. Ҳамон ҳафт муроҷиат исботи худро ёфт ва нисбат ба гумонбарон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид»,- гуфт ӯ.

Масъулони Кумита шахсияти гумонбарон ва ҷузъиёти парвандаҳоро ифшо накарданд, аммо таъкид намуданд, ки баъзе аз ин ҳодисаҳо аз ҷониби шахсони наздики ҷабрдида содир шудаанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода вазъро нигаронкунанда арзёбӣ карда, гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо духтарони ноболиғ дар хонаи хешовандон мавриди дастдарозии ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, баъди рух додани чунин ҳодисаҳо ҷабрдидагонро метарсонанд ва волидайн низ аз тарси расвоӣ ё нигоҳи ҷомеа ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд. Ин омил, ба андешаи ӯ, сабаби пинҳон мондани бисёр ҷиноятҳо мегардад.

Маҳз бо дарназардошти вазъи мавҷуда Кумитаи кор бо занон ва оила пешниҳод кардааст, ки барои ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба занону кӯдакон ҷавобгарӣ пурзӯр карда шавад.

Ба гуфтаи роҳбарияти Кумита, ҳоло бастаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ таҳия мешавад.

Коршиносон низ бар ин назаранд, ки танҳо сабти парвандаҳои ҷиноӣ барои ҳалли мушкил кофӣ нест. Равоншинос Наргис Тоисматова мегӯяд, ҷомеаи суннатии Тоҷикистон боис шудааст, ки бисёре аз ҷабрдидагон аз муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, эҳсоси беҷазоӣ яке аз омилҳои асосии такрори чунин ҷиноятҳост.

«Занҳо баъзан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд, вале на ҳамеша бовар доранд, ки шикояташон баррасии ҷиддӣ мешавад. Агар ҷазо ногузир бошад ва ҷомеа бубинад, ки қонун воқеан амал мекунад, ин метавонад омили пешгирии чунин ҷиноятҳо гардад»,- мегӯяд ӯ.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, хушунати шаҳвонӣ яке аз шаклҳои хушунати хонаводагӣ буда, ҳамчун кирдори қасдонае арзёбӣ мешавад, ки ба озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсии узви дигари оила таҷовуз мекунад. Ҳамчунин ҳар гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғони оила низ хушунати ҷинсӣ ҳисобида мешаванд.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 154 мавриди хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора ҳафт ҳолат ба хушунати ҷинсӣ марбут буда, ҳамзамон беш аз 200 мард низ аз хушунати хонаводагӣ шикоят кардаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар баробари пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон, дастрас намудани хизматрасониҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити бехатар барои муроҷиати қурбониён аз омилҳои муҳими коҳиши чунин ҷиноятҳо маҳсуб мешаванд. Зеро танҳо дар сурати аз байн бурдани тарси ҷабрдидагон ва таъмин намудани ногузирии ҷазо метавон ба коҳиши воқеии хушунати шаҳвонӣ дар ҷомеа умед баст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД