Commerc banl
Хусрав Тоиров мавсими имсолаи футболро дар “Истиқлол” мегузаронад
19.02.2026
Oila.tj
32

Нимҳимоятгари тими ҷавонони Тоҷикистон Хусрав Тоиров мавсими имсолаи футболро дар ҳайати «Истиқлол» ба таври иҷора мегузаронад. Дар ин бора расман бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш, дастаҳои футболи «Шахтёр» ва «Истиқлол» созишномаи трансферӣ имзо кардаанд, ки тибқи он Хусрав Тоиров ба ҳайати қаҳрамони Тоҷикистон ба таври иҷора гузаштааст. Созишномаи иҷора то 30-юми ноябри мавсими имсола эътибор дорад.

Хусрав Тоиров дар дастаҳои «Локомотив-Помир», «Динамо» ва «Атирау» (Қазоқистон) ҳунарнамоӣ кардааст. Аз моҳи марти соли 2023 футболбози дастаи «Шахтёр»-и Украина буда, то соли 2028 бо ин тим шартнома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД