Arzon march 2024
Хусравро барои сохтани бомба дар Русия 16-сол суд карданд!
1070

 

Як ҷавони тоҷикро дар Русия бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъи террористӣ дастгир кардаанд. Ин муҳоҷири тоҷик дар сохтан ва нигаҳдорӣ кардани маводҳои тарканда дар манзили зисташ бо қасди ташкил кардани амали террористӣ муттаҳам дониста шуда, қариб ба 16 соли зиндон маҳкум гаштааст.

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон зодаи Тоҷикистон Хисрави Саидзодаро дар омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Ставропол гунаҳкор шинохт ва ба 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи 29-уми июн хабаргузории русии Интерфакс бо такя ба хадамоти матбуоти додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия хабар додааст.

“Муайян карда шуд, ки Саидзода 12- марти соли 2021 ба сафи созмони террористии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ” пайваста, аз 8 то 11- апрел дар ҳудуди Ставропол ба нафарони дигар барои тайёрӣ ба ҳамлаи террористӣ кӯмак кардааст ", - гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳ.

Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, Хисрави Саидзода ҷузъҳои лозим барои сохтани маводи таркандаро харидорӣ карда, бомби худсохт сохтааст ва онро дар хонаи иҷорааш нигоҳ медоштааст.

Афтодан ба доми гурӯҳҳои тундрав яке аз хатарҳои хеле ҷиддие мебошад, ки бештар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия домангир мешавад. Таассуфовар аст, ки муҳоҷирони тоҷик аксаран бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва дониши диниашон ба осонӣ ба доми аъзоёни гурӯҳҳои ифротӣ афтода, гӯё ба хотири ислом даст ба амалҳои нораво мезананд ва ҳаёташонро бо дасти хеш месӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД