sebiston july new
Кӯмак ба мардон
797


8-март идест, ки ҳар як зан онро бесаброна интизорӣ мекашад. Бонувон мехоҳанд ақаллан як рӯз-дар 8 март худро малика эҳсос карда, дам гиранд, фароғат намоянд ва аз забони мардон суханони ширини пур аз меҳру муҳаббат шунида, худро дӯстдоштанию азиз эҳсос намоянд.

Аз ҳамин хотир хуб мешуд, ки дар рӯзи 8- март мардҳои азиз хонумҳоро аз ҷунбуҷул дар ошхона озод намоянд ва дасту остин барзада, худашон аз паси оростани хони идона шаванд.

 Барои оростани дастурхони идона чи лозим аст?
1. Қабл аз ҳама аниқ кунед, ки дастурхони идонаро субҳ меороед, нисфирӯзӣ ё шом, зеро таомҳоро вобаста ба вақти ғизохӯрӣ тайёр мекунанд, масалан субҳгоҳон хӯрокҳои барои шом мувофиқро хӯрда намешавад.
2. Пешакӣ рӯйхати тамоми чизҳои барои оростани дастурхони идона заруриро тартиб дода, харид кунед, то ки дар рӯзи ид бо мушкилӣ рӯ ба рӯ нагардед. Дар ёд дошта бошед, ки барои оростани дастурхон ба шумо ин чизҳо ҳатман зарур ҳастанд:
1. Дастурхони якранг (сафед, гулобӣ ё осмонранг бошад, беҳтар)
2. Зарфҳои зебои чинӣ ва булурин
3. Дастпокҳои хушранги нақшин, ки бо дастурхон мувофиқ бошанд
4. Шамъҳои гуногуншакл
5. Пуфакҳои ранга
6. Лентаҳои ҳархела
7. Гул ва гулбаргҳо
8. Откриткаҳо барои тарбикот
9. Найчаҳои шафоф барои нӯшидани коктейл ва оби мева-сок
10. Маҳсулот барои пухтапаз ва тайёр кардани хӯришу шириниҳо
Шарт нест, ки ҳамаи ин чизҳоро шумо аз мағоза харидорӣ намоед. Ба гирду атрофи худ бодиққат назар андозед, аздусар дар ҳар хона дастурхон, дастпокҳои нав ва зарфҳои барои оростани дастурхони идона муносиб ёфт мешаванд.

Тарзи оростани дастурхон

Шарти аз ҳама муҳим дар оростани дастурхон ин бо табъу завқи баланд чидани миз мебошад. Зарфҳоро шумо бояд ба дастурхон мувофиқ интихоб намоед. Дастурхон якранг ё сафед бошед, бояд зарфҳои нақшини атрофашон зарҳалдорро истифода баред, вале ранга бошад, беҳтараш зарфҳои сафеди классикиро интихоб кунед.
Финҷон ё бокалҳо булурин бошад, олиҷаноб мешавад, вале чунин имконият надошта бошед, метавонед аз зарфҳои зебои шишигин истифода намоед.
Нақши финҷон дар ороиши мизи идона хеле бузург аст, барои он ки дастурхони шумо бою шоҳона ба назар расад, дастпокҳоро дар шакли гул тоб дода, аз миёнашон ҳалқачаҳои тиллоранг гузаронед ва ё бо лентачаҳои борики ранга баста ба даруни бокалҳо ё дар болои табақчаҳо гузоред. Ин ба миз шукӯҳи дигар мебахшад.

Барои хонумҳо афсонаи зинда созед

Дар байни мизи идона ҳатман дар зарфе гул гузоштан лозим аст, зеро занҳо худашон ба гул шабоҳат дошта, гулро дӯст медоранд. Барои фароҳам овардани муҳити афсонавӣ шумо бояд шифти хона ё ақаллан ҳамон ҷоеро, ки мизро оро медиҳед, бо пуфакҳои ранга ороиш диҳед ва дар болои миз ҳатман чанд дона шамъ афрӯзед.

Дар рӯи миз ҳатман бояд бошад!

Ин чизҳо дар рӯйи дастурхони идонаи шумо бояд ҳатман бошанд:
1. Торт
2. Мевагӣ
3. Чанд намуд ҳасиб ва панири резашуда
4. Мурғ ё моҳӣ
5. Хӯришҳои гуногуни гӯштӣ ва сабзавотӣ
6. Об ва нӯшокиҳо
7. Самбуса ва шириниҳо (агар имконият дошта бошед)
8. Хӯроки асосӣ (ду хӯрок бошад, беҳтар аст)
9. Шоколад (дисерт)
10. Коктейл (агар имкон дошта бошед)
Мехаред ё тайёр мекунед?
Пухтани тортро ба мардон маслиҳат намедиҳем, зеро пухтани ин ширинии лазиз нозукиҳои хоси худро дорад ва дар сурати аз ӯҳдаи тортпазӣ набаромадани шумо маҳсулот беҳуда ҳайф мешавад. Беҳтараш тортро аз мағозаҳои ширинифурӯшӣ бихаред ё пешакӣ супориш диҳед. Самбӯсаю шириниҳоро низ шумо бояд бихаред. Тайёр кардани хӯриш чандон кори мушкил нест ва мардон ба роҳатӣ метавонанд аз ӯҳдаи ин кор бароянд, вале хӯришҳоеро интихоб кунед, ки омода сохтанашон осон бошад.
Сарфи назар аз он ки шумо кадом навъи хӯришро тайёр мекунед, метавонед барои рамзӣ шудани дастурхон онро дар шакли 8-март дар табақи хӯришгирак бичинед ва бо чуворимаккаи оҷонидашуда, зардиҳои тухм ва майонез оро диҳед.


Фантазияи худро кор фармоед!

Мардҳо метавонанд фантазияи худро ба кор бурда, бо масҳулоти начадон зиёд мизи шоҳона биороянд. Шумо метавонед панир ва ҳасибҳои гуногуни резашударо дар шакли гул ё ягон нақши дигар дар хӯришгирак чида, як “асари хушмаза” офаред, ки бо диданаш занҳо ба ваҷд меоянд. Чунин асарҳои бомаззаро барои мизи идона бо ёрии меваю савбазот низ сохтан мумкин аст. (Ду акс чун намуна)

       Хӯроке, ки лаззаташ аз даҳон намеравад
Ниҳоят меоем сари мавзӯи хӯроки асосӣ. Пухтани манту ва дигар хӯрокҳои хамириро ба мардон маслиҳат намедиҳем, чунки аввалан пухтанашон душвор аст ва баъдан боиси фарбеҳшавӣ мегарданд. Мардҳо майдабозӣ карда шиштанро низ хуш надоранд, бинобар ин, беҳтараш оши палав ё гӯштбирён пазед. Пухтанаш осон буда, ҳамзамон ин хӯрокҳо шоҳона ба ҳисоб мераванд.
Моҳӣ ва мурғро фаромӯш накунед!
Сарфи назар аз он ки шумо ош мепазед ё гӯштбирён, моҳӣ ва мурғро фаромӯш накунед, чунки ҳам сабук ва ҳам хушхӯр буда, ба мизи идона шукӯҳи дигар мебахшанд.

                Туҳфаро кай тақдим мекунанд?

Идро бидуни туҳфаҳо тасаввур кардан душвор аст, бинобар ин, меоем сари мавзуи тӯҳфаҳо. Беҳтарин фурсат барои тақдим кардани тӯҳфа ба бонувон ин сари дастурхони идона аст, агар тӯҳфа шаклан калон набошад. Яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ ё чангкашак тақдим карданӣ бошед, тӯҳфаи худро қаблан супоред, вале тӯҳфаатон начадон калон бошад, метавонед онро дар сари дастурхон дар айни авҷи базм тақдим намоед.

                  Ба кӣ чӣ туҳфа кардан лозим аст?

Ба ҳамсар, арӯсшаванда ё зани дӯстдоштаатон шумо метавонед ороишоти тиллоӣ, нуқрагин ё атриёти хушбӯй тақдим намоед. Барои он ки туҳфа ногаҳонӣ ва ҳаяҷоновар шавад, онро дар дохили ягон зарфи хӯрок ё хӯришгирӣ пинҳон кардан мумикин аст. Дар рафти базм шумо аз азизи дилатон хоҳиш мекунед, ки ҳамон зарфро кушода ба ҳама хӯриш резад, вале бо боз кардани он бону дар дохилаш қуттичаи ҷавоҳирот ё атрро дида ба ҳаяҷон меафтад.

Барои модар беҳтарин туҳфа қолинча бо акси худи модар аст. Имрӯз аксҳоро дар зарфҳои гуногун низ наққошӣ мекунанд ва агар қолин ба шумо писанд набошад, метавонед акси модаратонро дар табақи зебо, болишт ё дигар ашёи зебо ва зарурӣ фармоиш дода, дар рӯзи ид барояш ҳадя намоед. Модарон аз дидани чунин туҳфа хеле хурсанд мешаванд, зеро он рамзи муҳаббат ва қадршиносии шумост.

Ба духтар ё набераатон шумо метавонед телефони мобилӣ, китоби шавқовар ё гӯшмонак туҳфа намоед. Духтаракон чунин туҳфаҳоро хеле дӯст медоранд, зеро замони муосирро будини технология ва интернет тасаввур кардан душвор аст.

Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо кӯмак мерасонанд ва иди бонувону “Рӯзи Модар”-ро бо занҳои дӯстдоштаи худ ба таври афсонавӣ, хотирмон ва фаромӯшнашаванда мегузаронед.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД