Arzon march 2024
Кӯмаки Исфараю Истаравшану Панҷакент ба Айнӣ
266

Дирӯз таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода сокинон аз ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ҳашари дастаҷамъӣ сафарбар карда шуда, зиёда аз 400 нафар барои бартараф намудани харобиҳои дар натиҷаи офати ногувори табиӣ баамаломада ҷалб гардиданд. Дар ин бора нашрияи расмии ҳукумати ноҳия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Муқим Муродзода бо фаъолияти ситоди доимамалкунанда дар мавзеи Лангар, ки барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ ташкил карда шудаанд, шинос шуда, ба аҳли ҳашар кӯмак расонидааст.

«Айни ҳол аз ҷониби комиссияи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҳолати баамаломада ва хисороти мардуми зарардида мавриди санҷиш қарор дорад», - иттилоъ додааст рӯзнома.

Гуфта шуд, ки раиси ноҳия аз вазъи баамаломада ба аъзои ситоди доимамалкунанда вазифаҳои мушаххас дод, ки бояд дар муҳлати нишондодашуда мушкилотро бартараф кунанд.

Бо истифода аз техникаҳои мавҷуда роҳи автомабилгарди маҳаллаи Лангар ва кӯчаю паскӯчаҳои он аз лой тоза карда шуда, ҳамзамон корҳои барқароркунии хонаву бом ва деворҳои аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон ва Зафаробод барои сокинони зарардида кӯмакҳои ниёзи аввал ворид гардиданд, аз ҷумла орд, биринҷ, равғани рустанӣ, макарон, гӯшт, тарбузу харбуза ва кампалҳои кумак намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми июл дар натиҷаи борони кӯтоҳмуддат ба деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан, мавзеи Лангар сел омада ба сокинон зарари ҷиддӣ ворид намуд. Дар натиҷаи он 161 хоҷагӣ зарар дидаааст. Аз ҷумла, 16 хонаи истиқоматии сокинон зери об монда, 64 иншооти ёрирасон қисман зарар дидааст ва 81 қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо лою лойоба пур шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки ба ба аҳолии зарардида 80 маҷмааи хоб, аз ҷумла 80 болишт, 80 одеял, 80 баста зарфҳои ошхонаӣ ва ба ҳамин миқдор бастаҳои беҳдоштӣ кумак кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД