formula
Кӯмаки такрорӣ ба сокинони зарардида
270

 

Кӯмаки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Роштқалъа, ки аз офати таббиӣ зарар дида буданд, дирӯз расонида шуд.

Ин кӯмакҳо аз маҳсулоти ниёзи аввал, сару либос ва масолеҳи сохтмонӣ иборат мебошад.

Барои дастгирии оилаҳои аз офати таббиӣ зарардида қаблан низ маводди озуқаворӣ ва кӯмакҳои пулии расонда шуда, оилаҳои зарардида бо ашёву таҷҳизоти рӯзгордорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир сокинони зарардидаи ин минтақа дар истироҳатгоҳи “Шабдез”-и ноҳия мувақатан зиндагӣ намуда, барои онҳо муҳимтарин шароит, аз ҷумла ҷойи хоб, анбори нигоҳдории маводи озуқаворӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки 27 июн дар паи боронҳои зиёд дар деҳаи Меденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоию боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд ва 20 хонаводае, ки манзилҳои истиқоматиашон зери харат қарор дошт, бо дастгирии Ҳукумати кишвар муваққатан ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД