sebiston july new
Консерти ройгони ситораҳои маъруфи тоҷик
451
Консерти ройгони ситораҳои маъруфи тоҷик

14 апрел Кохи Суруш лабрези одам буд. Зеро дар ин рӯз ситораҳои маъруф даври ҳам омада, паёми зиддисилиашонро ба ҷомеа расониданд.

Чорабинии мазкур ҳам қисмати иттилоотӣ ва ҳам базми консертӣ дошта, вуруд ба толор ройгон буд. Дар он ситораҳои маъруфи санъату ҳунари тоҷик - Нозия Кароматулло, Зайнура Пулатова, Мино, Ҳабиб Ҳакимов, Искандар Каримов, Бахтиёр Иброҳимов ва ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абуфаттоев ҳунарнамоӣ карданд.

Дар қисмати иттилоотии чорабинӣ муовини вазири тандурустии мамлакат ва роҳбари Дафтари Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, ки шарикони асосии баргузории чорабинӣ буданд,.суханронӣ карданд.

Дар фосилаи тадбирҳо сарояндагони маъруф бо таронахонии хеш қалби иштирокдоронро шод мекарданд. Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш беҳтарин табибони силшинос ва кормандони тибби оилавие, ки ба гирифторони сил дар минтақаҳо кӯмаку табобат мерасониданд, қадрдонӣ шуданд.

Искандар Каримов, ҳунарманди театру синамо ва овозхони маъруф, ки ба ҳайси Сафири пешгирии сил дар Тоҷикистон фаъолият дорад, дар ин чорабинӣ ҳунарнамоӣ карда, тавассути паёми зиддисилаш овози худро барои нест шудани ин беморӣ дод.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳамкории боздошти сил дар тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд дар ҳошияи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил чунин чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД