Шаби гузашта Бақо Содиқов, коргардони маъруфи тоҷик дар Олмон даргузаштааст. Дар ин бора рӯзноманигор Суҳроби Зиё бо истинод ба хабари дар саҳифаи фейсбукиаш нашркардаи Алӣ Чориев иттилоъ дод.
Агар умр вафо мекард, Бақо Содиқов 13-уми июли имсол 85-сола мешуд. Ӯ узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1979), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1993) ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (1988) буд.
Зиндаёд Б. Содиқов аз соли 1967 то 1993 дар «Тоҷикфилм» фаъолият карда, "Гирдбод", "Бухорои Шариф", "Ҷосус", "Ҷазира", мустанадҳои "Аввал будан мушкил аст" ва "Адониси 14" аз ҷумлаи филмҳои сохтаи ӯ мебошанд. Баъзе аз ин филмҳо ҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилалиро ба худ ихтисос додаанд.
Бақо Содиқов аз соли 1993 дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва эҷод мекард.
Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ба пайвандони Бақо Содиқов ва аҳли ҳунари Тоҷикистону Ӯзбекистон даргузашти ин коргардони барҷастаро тасаллият мегӯянд.