Arzon march 2024
Кормандони “Крокус Сити Холл”-ро дубора бозпурсӣ мекунанд
667

 

Кумитаи тафтишотии Россия тамоми шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар толори консертии “Крокус-Сити-Холл” кор мекунанд, аз нав бозпурсӣ хоҳад кард. Тафтишу санҷиш махсусан нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, хоса Тоҷикистон сахт хоҳад буд...

Ҳадаф аз гузаронидани бозпурсии такрории кормандони хориҷии толори консертии “Крокус Сити Холл” муайян кардани робита доштан ё надоштани онҳо ба ҳодисаи мудҳиши рӯзи 22-юми март дар ин толор рӯйдода мебошад.

Ба навишатаи расонаҳои русӣ кормандони Кумитаи тафтишотӣ махсусан нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркменистон сахтгирӣ намуда, ба қавле онҳоро аз сӯрохии сӯзан мегузаронанд.

Дар рафти тафтишот муфаттишон кай ба Федератсияи Россия омадан, аз куҷо патент гирифтан, дар куҷо супурдани имтиҳони забони русӣ, аз кай дар толори “Крокус Сити Холл” кор кардани ҳар як муҳоҷири меҳнатиеро, ки ин толори консертӣ кор мекунад, пурсида, тафтишот мегузаронанд ва ба амали террористӣ робита доштан ё надоштани онҳоро муайян менамоянд.

Дар бозпурсии аввалин муфаттишон ошкор намуда буданд, ки аксари муҳоҷирони меҳнатие, ки “Крокус Сити Холл” кор мекунанд, ҳуҷҷат надоранд ё бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кор карда, қонунҳои муҳоҷиратии Федератсия Россияро вайрон кардаанд.

Ҳамзамон шахсоне, ки хонаашонро ба муҳоҷирон иҷора додаанд, таҳти санҷиш қарор хоҳанд гирифт. Муфаттишон мехоҳанд фаҳманд, ки соҳибхонаҳо манзили худро ба киҳо иҷора додаанд, дар ҳар як хона чанднафарӣ зиндагӣ мекунанд ва оё муҳоҷироне, ки иҷора мешинанд, ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”робата доранд ё не...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД